Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Сешанбе, Май 12 2026
- Конференсияҳо
Имрӯз, 12 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028” конфронси илмӣ назариявӣ дар мавзуи “Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори идеяҳои башардӯстона ва ҳамгироёнаи масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист эътироф гардидаанд.
Таъкид гардид, ки аз ибтидои солҳои 2000- ум пайваста ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвонҳои «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (соли 2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025), «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (солҳои 2025-2034), «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» (соли 2025) ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» (соли 2025) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Зикр гардид, ки яке аз ташаббусҳои беназири Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ намудани иқдомҳои беназиру саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати фароҳам овардани платформа барои ташкили муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар соҳаи захираҳои об ва рушди устувор арзёбӣ мегардид, Раванди оби Душанбе мебошад. Маҳз дар доираи раванди мазкур Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид баҳри татбиқи амалии ҳадафҳои меҳварии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҳар ду сол конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро баргузор менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи платформаи Раванди оби Душанбе то имрӯз се кофронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022, 2024) ва инчунин, Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2023 баргузор гардида, айни замон дар кишвар, хосатан дар шаҳри Душанбе омодагӣ барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд, ки рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 доир мегардад, идома дорад.
Гуфта шуд, ки дар доираи конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд, ки оғози татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» буд, шаш чорабинии канорӣ баргузор гардида, барои муҳокимаи васеи масоили марбут ба об ва мавзуъҳои афзалиятноки конфронс шароитҳои мусоид фароҳам оварданд. Дар анҷоми кори конфронс се ҳуҷҷати муҳимму саривақтӣ – Хулосаи ҳамраисон, Эъломияи ниҳоӣ ва Даъват ба амалҳову шарикӣ қабул гардид. Дар Эъломияи ниҳоии конфронси якум хулоса ва тавсияҳои муҳим инъикос ёфта, аз кишварҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал овард, ки дар соҳаи об сармоягузорӣ намуда, истифодаи самараноки захираҳои обро тақвият бахшанд, нобаробариҳои соҳаро бартараф кунанд ва дастрасии ҳамагониро ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошти онро таъмин намоянд.
Қайд гардид, ки конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардида, барои сарҷамъ овардани роҳбарони сиёсӣ ва коршиносони соҳавӣ дар самти идоракунии захираҳои об ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти мавҷуда ва ҳалли онҳо заминаю имкониятҳои нав фароҳам овард. Ҳадафи асосии он муайян кардани масъалаҳои бунёдии марбут ба идоракунии захираҳои об, таҳияи стратегияҳо барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва тақвияти ҳамкорӣ байни ҳукуматҳо, созмонҳо ҷонибҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таъмини рушди устувор буда, дар доираи он роҳҳои ҳавасмандгардонии иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳҳои мухталиф баррасӣ гардид
Дар идомаи конфронс Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор, намояндагони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳаи об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва нақши илм дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши пажӯҳишҳо дар самти рушди устувор мубодилаи афкор анҷом доданд.




https://amit.tj/tj/sakhmi-ilm-dar-amalisozii-tashabbuskhoi-baynalmilalii-chumkhurii-tochikiston
Тоҷикӣ
Русский
English