Семинари мазкурро, ки дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ баргузор гардид, директори институт, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода А.А. бо баромади худ оғоз намуд. Дар баромади худ Гулаҳмадзода А.А. дар бораи нақши фаъолияти ташкилоти IWMI дар таҳқиқоти васеъи нақшаи обёрӣ дар соҳаи гидрологияи ҷаҳонӣ, амнияти озуқаворӣ ва муҳити зист, инчунин дар ҳалли масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.
Дар семинар инчунин ходимони илмии Институт, намояндагони ташкилоти IWMI, дигар марказу идораҳои давлатӣ ва байналмилалӣ баромадҳо намуданд.