wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 29 майи соли 2025 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки санаҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, як қатор чорабиниҳои канорӣ доир гардиданд. Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи “Пиряхҳо ва илм” баргузор намуданд. Дар конфронс олимон аз хориҷи дуру наздик ва олимону ходимони илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ иштирок намуданд.

  Дар конфронси мазкур олимону ходимон дар масъалаҳои зарурати чораҳои фаврӣ оид ба боздошти обшавии пиряхҳо ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар ин раванд маърузаҳо намуданд. Аз ҷумла, аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ директори институт, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор, номзади илмҳои таърих Ниёзов Ҷафар Баҳодирович, номзади илмҳои техникӣ Шаймуродов Фирдавс Иноятович, мудири Озмоишгоҳи “Моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлим” номзади илмҳои техникӣ Қурбон Номвар Бойназар ва номзади илмҳои техникӣ Мирзохонзода Ситора Олтибой дар мавзуҳои гуногуни вобаста ба пиряхҳо ва иқлим баромадҳо намуданд.

 

Last modified on Ҷумъа, 30 Май 2025
Яндекс.Метрика