Дар рафти барнома дар натиҷаи робита ва ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои Чин ва берун аз он вай донишу малакаи илмиро ба даст овард. Ин барои ӯ имконияти хубе фароҳам овард, ки фаъолияти худро ҳамчун постдокторант дар Институти экология ва ҷуғрофияи Синзян оғоз кунад, ки яке аз институтҳои машҳури Академияи илмҳои Чин оид ба омӯзиши захираҳои табиӣ, экология ва таҳияи механизмҳои арзёбии тағйироти муҳити зист дар заминҳои камоб мебошад. Таҷрибаи кории ӯ ҳамчун постдокторанти PIFI дар ҳақиқат манфиатовар буд, зеро ӯ тавонист малака ва дониши тадқиқотии худро дар мавзӯъҳои тадқиқотии марбута тавассути кор бо олимону муҳақиқони барҷастаи Институти экология ва ҷуғрофияи Синзян густариш диҳад. Маълумоти бештарро дар бораи тадқиқотҳои А.Гулаҳмадов ҳамчун постдокторант бо истиноди зерин пайдо кардан мумкин аст: http://international-talent.cas.cn/front/mobi/newInfo.html?id=19deea0ad77831a37dff08ea1af2ee5b
Last modified on Ҷумъа, 24 Феврал 2023