Ҳадафи асосии конфронс саҳмгузорӣ намудан ба ҳалли масоили марбут ба: вазъи кунунӣ ва дурнамои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об; усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об; таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон; рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия; таърих, ҳолати кунунӣ ва дурнамои тағйирёбии иқлим; мушкилоти экологии марбут ба об ва иқлим; тавсеаи ҳамкориҳои устувор; мубодилаи ахбор, дониш ва таҷриба мебошад.
Маводҳои конференсия дар сомонаи https://www.imoge.tj/ ҷойгир карда шуда, дар нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои об, энергетика ва экология»-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интишор меёбанд.
Мавзуъҳои асосии кори конфронс:
- Усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об;
- Истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим;
- Гидроэкология, гидрохимия ва сифати об;
- Рушди устувор ва иқтисоди сабз;
- Иншоотҳои гидротехникӣ ва сохтмон;
- Дурнамои рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- Энергетика, захира- ва энергиясарфанамоӣ;
- Аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои ноҳияҳои кӯҳсор;
- Масоили об ва барқтаъминкунии таъминкунии шаҳру деҳот дар шароити кӯҳсор;
- Баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар бахши хоҷагии об.
Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Шакли иштирок дар конференсия: ҳузурӣ (офлайн) ва маҷозӣ (онлайн).
Лутфан, дархост барои иштирок ва маърӯза (мақола)-ро дар ҳаҷми то 10 саҳифаи чопи компютерӣ, то санаи 20 сентябри соли 2023 ба суроғаи ИМО,ГЭваЭ АМИТ, ш.Душанбе, кӯч. Бофанда, 5/2 (шакли электронӣ ба: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., nomvarjon This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.) ирсол намоед.
ДИҚҚАТ! Пас аз гирифтани тасдиқ аз кумитаи тадорукот оид ба ворид намудани маърӯза ба барномаи конфе-ренсия, иштирокчиёни хориҷӣ бояд то 25 сентябри соли 2023 ҳаққи сабти номро пардохт намоянд.
ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ИШТИРОК
Маблағи сабти номи иштирокчиёни хориҷии конференсия 100 доллари ИМА бо қурби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хароҷоти ҷамъоварии маводи конфронс ва иштирок дар кори онро дар бар мегирад:
Сарраёсати хазинадории марказии ВМ ҶТ
Дархост барои иштирок:
Насаб |
|
Ном |
|
Номи падар |
|
Вазифа |
|
Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ |
|
Номи маърӯза |
|
Навъи маърӯза (шифоҳӣ, бе маърӯза, иштироки ғоибона) |
|
Иштирок дар реҷаи: ҳузурӣ ё маҷозӣ |
|
Номи пурраи ташкилот |
|
Суроғаи почтавии ташкилот (бо индекси почта) |
|
Тел. / факси ташкилот |
|
Тамос |
Тел. |
Талабот ба мақолаҳои илмӣ
Мақолаҳо бояд дорои индекси УДК, калидвожаҳо ва аннотатсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошанд. Сохтори мақола дар шакли зерин бошад: қисми мухтасари муқаддимавӣ бо ифодаи дақиқ ва тавсифи масъалаи мавриди баррасиқарордодашуда, қисми мазмунӣ, хулосаҳои мушаххасе, ки аз маводи пешниҳодшуда бармеоянд ва феҳристи адабиёти истифодашуда.
Матн бидуни дефис, ба паҳнои саҳифа мувофиқ карда, шрифти Times New Roman, андоза 14, фосилаи байни сатр 1, ҳошия аз 4 тараф 2 см. Рақамҳои римӣ бо ҳуруфи англисӣ чоп карда мешаванд.
Ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд гурӯҳбандӣ карда шаванд ва як объекти графикиро ифода намоянд. Ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд ном дошта бошанд. Маълумоти рақамӣ дар шакли ҷадвал пешниҳод карда мешавад. Ҳар як ҷадвал бояд рақами пайдарай дошта бошад. Рақамгузории ҷадвалҳо пайваста бошад. Ихтисороти калимаҳо дар ҷадвалҳо иҷозат дода намешавад, ба истиснои воҳидҳои ченак. Қимати ададии бузургиҳо дар ҷадвалҳо ва матн бояд дар Системати байналмилалии воҳидҳо (ҳатмӣ) нишон дода шаванд.
Истинодҳо дар қавси мураббаъ оварда шаванд, мисол [3].
Намуна:
УДК 631.3
ИДОРАКУНИИ ҲАМГИРОШУДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР ТОҶИКИСТОН
Пулатов Я.Э.1, Барбара Я.П.2, Пулатов Ш.Я.3 1Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, 2Донишгоҳи Қазоқистону Олмон, 3Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Тел: (+992) 111-75-56; E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Дар мақолаи мазкур… Калидвожаҳо: бахшҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, …
In the paper … Keywords: economic sectors, climate change, …
Матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола… Адабиёт (бо тартиби алифбо, истинодщо дар поварақ иҷозат дода намешавад) |
Масъулият барои эътимоднокӣ ва таҳрири илмии маводи пешниҳодшуда ба зиммаи худи муаллифон гузошта шудааст.
Маълумот барои тамос:
Барои иштирок дар конфронс ва баррасии маколаҳо ба кумитаи тадорукоти конфронс муроҷиат намоед:
This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Телефонҳо барои тамос: (+992) 93-728-72-72; 93-474-88-66; 919-33-77-42.
Умедворем, ҳамкориҳоро густариш медиҳем.
КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ КОНФЕРЕНСИЯ
Last modified on Панҷшанбе, 25 Май 2023