Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳар бинои серқабата дастгоҳҳои сейсмикӣ насб шудаанд ва бо дарназардошти ин ки Пойгоҳҳои сейсмикии АМИТ чун Пойгоҳи Симиганҷ имкон фароҳам меоранд, ки зилзила дар минтақа ва дар ҷаҳон қабл аз ба вуқуъ пайвастанаш омӯхта шавад. Олимони моро дар ҷаҳон мешиносанд ва ҳеҷ ҷойи шубҳа ҳам нест, ки илми тоҷик берун аз марзи Тоҷикистон муаррифӣ нашудааст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ олимони табиатшиноси тоҷик эътироф шудаанд ва табъу нашри мақолоти илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои Ғарб аллакай гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан, олимони Академияи миллӣ бо нашри мақолаҳои илмӣ дар ҷаҳон машҳуранд. Дигар расадхонаҳои астрофизикии АМИТ бо фаъолияти густурда илми тоҷикро дар хориҷ аз Меҳан муаррифӣ мекунанд ва беҳуда нест, ки ситорае аз осмон бо унвони Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Ба суолҳои рӯзноманигорон аз рӯзномаи "Ҷумҳурият", радиои "Овози тоҷик", "Народная газета", радиои "Садои Душанбе" ва ғайра президенти АМИТ посухҳои қонекунанда доданд.
Last modified on Чоршанбе, 08 Феврал 2023