Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҷиҳати рўз аз рўз рўоварии башар ба масъалаҳои об изҳори ақида намуд. Мавсуф ташаббуси камназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз оѓози соли 2025 минбаъд ҳамасола таҷлил намудани рўзи 21 март ҳамчун Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили ҳифзи пиряхҳоро аз дастоварҳои сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.
Сипас, ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва мушкилоти марбут ба коҳишёбии пиряхҳо директори «Маркази омўзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдуҳамид Қаюмов маърўза кард. Номбурда қайд намуд, ки яхшиносӣ дар замони муосир бояд тахассусӣ бошад ва ихтисосҳое, ки ба омўхтани он дахлдоранд, бояд дар қатори дигар илмҳо омўхта шаванд.
Баъдан, дар мавзуи масъалаҳои об, мушкилоти камобӣ ва офатҳои табиии марбут ба об директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Ориф Амирзода сухан карда, мушкилоти мавҷудбударо аз дидгоҳи илмӣ баррасӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои баѓоят манфӣ оварда расонад.
Мусаллам аст, ки иқдомоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ва қатъномаи A/RES/77/158 аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст.
Last modified on Панҷшанбе, 23 Феврал 2023