wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Унвони “Шурои диссертатсионии беҳтарин” фархунда бод

  Шурои диссертатсионии 6D.KOA – 059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Шурои диссертатсионии беҳтарин” қадрдонӣ гардид.

Муфассал...

Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обии Осиёи Марказӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба об ва муҳиммияти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҷалб намудааст, ки ба рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд.

Муфассал...

Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

  1. Ходими илмии Гурўҳи дарёфт ва татбиқи лоиҳаҳо – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 2845 сомонӣ;
  2. Ходими калони илмии Лабораторияи энергетика, захира ва энергиясарфанамоӣ – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 3324 сомонӣ (барои номзади илм – 4321 сомонӣ);
  3. Ходими калони илмии Лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлим – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 3324 сомонӣ (барои номзади илм – 4321 сомонӣ);
  4. Ходими илмии Лабораторияи энергетика, захира ва энергиясарфанамоӣ – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 2845 сомонӣ. Муфассал...

Унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» фархунда бод!

   Санаи 29 августи соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, мудири Шуъбаи идоракунии захираҳои об, ва обсарфанамоии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, Пулатов Яраш Эргашевич барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ бо Унвони фахрии  «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сарфароз гадонида шуданд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика