wrapper

Новости дня

  Санаи 19 марти соли 2021 бахшида ба пешниҳоди ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Рӯзи байналмилалии захираҳои об (22 март) дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Принципы интегрированного управления водными ресурсами» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

   Дар семинари мазкур олимон, кормандон ва магистрони институт, инчунин намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази илмӣ-тадқиқотии экологӣ ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

   Семинарро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд ва риштаи суханро ба зиммаи маърӯзачӣ вогзор кард.

    Мудири шуъбаи  «Технологияи инноватсионӣ ва тадқиқотии илмӣ-таълимӣ»-и Институт доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор ва профессори Академияи Оксфорд (Британияи Кабир) Пулатов Яраш Эргашевич дар асоси маълумотҳои дақиқи илмӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, дар интиҳо хулоса ва тавсияҳои зарурӣ пешниҳод кард.

4.92.jpg - 73.98 KB

     Дар муҳокима доктори илмҳои техникӣ, ходими калони илмӣ Носиров Н.Қ., доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Кобулӣ З.В., ходими калони илмӣ Асоев Ҳ.М. ва сардори Раёсати ҳифзи захираҳои обии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукуров суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро оид ба истифодаи оқилона ва танзими захираҳои обии Ҷмҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

     Ҳамин тавр, семинари мазкур дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардида, иштирокчиён оид ба рушди минбаъдаи соҳа ва таҳкиму такмили мавзӯи фавқуззикр тавсияҳои дар рафти семинар хлосашударо ба вазорат идораҳои соҳавӣ аз номи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намуданд.    

         4.94.jpg - 74.03 KB

 

 

Последнее изменение Суббота, 16 октября 2021
Яндекс.Метрика