wrapper

Навидҳои рӯз

(Гузориши мухтасар аз ҷараёни Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ: ҳолат, нигоҳи нав ва дурнамои рушд»)

 Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 22 октябри соли 2021 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ: ҳолат, нигоҳи нав ва дурнамои рушд» баргузор гардид.

  Баргузории конференсия дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 27 марти соли 2021, таҳти №88 ва мувофиқи нақшаи чорабиниҳои илмии институт барои соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд.

  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ: ҳолат, нигоҳи нав ва дурнамои рушд»-ро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Амирзода О.Ҳ. ифтитоҳ намуда, дар ҷаласаи пленарии он муовини Президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ Қоҳирова Г.И., раиси Раиси кумитаи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Р.Б. сухан карданд. Ҳамзамон, намояндагон аз вазоратҳои энергетика ва захираҳои об (Гулаҳмадов А.), кишоварзӣ (Одинаева С.), кумитаҳои ҳифзи муҳити зист (Саидов С.), ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (Камолов Ҷ.), Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корез»-и шаҳри Душанбе (Раҳмонзода Ф.), Агентии обуҳавошиносӣ (Доргаев А.) ва ташкилотҳои байналмилалӣ – IWMI (Институти байналмилалии идоракунии об, Ҷумабоев К.), Филиали Ташкилоти Оғо Хон оид ба муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пирмамадов У.Р.) иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

   

Лаҳзае аз ҷараёни ҷаласаи ифтитоҳӣ

 

  Пас аз суханронии муқаддимавӣ тибқи нақшаи кории конференсия дар ҷаласаи пленарӣ панҷ маърўза, дар мавзўъҳои «Обзор исследований IWMI в Таджикистане» (корманди IWMI Ҷумабоев К.), «Природные угрозы, связанные с прорывоопасными озёрами в долине реки Гунт» (муҳандис-геологи Филиали Ташкилоти Оғо Хон оид ба муҳити зист дар Тоҷикистон Шафиев Г.В.); «Инновационные методы изучения ледников» (директори «Маркази омўзиши пиряхҳо»-и АМИТ Қаюмов А.Қ.), «Законодательная база в области безопасности гидротехнических сооружений в Таджикистане» (мудири лабораторияи сохтмони иншооти гидротехникии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Фазылов А.Р.) ва «Вопросы водопользования и мелиоративное состояние орошаемых земель в бассейне реки Вахш» (ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Абдусаматов М.) шунида шуданд.

 

  

Муҳокимаи маърўзаҳои пленарӣ

 

  Баъд аз ҷамъбасти ҷаласаи муқаддимавӣ ва хотимаи маърўзаҳои пленарӣ кори Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ: ҳолат, нигоҳи нав ва дурнамои рушд» аз рўйи се бахш – 1) Ҳолати захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим (модератор мудири лабораторияи захираҳои об ва равандҳои гидрофизикии ИМОГЭваЭ АМИТ Кобулӣ З.В.), 2) Рушди устувор дар шароити гармшавии глобалӣ (модератор котиби илмии ИМОГЭваЭ АМИТ Қориева Ф.А.), 3) Дурнамои рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия (модератор мудири лабораторияи энергетика, захира- ва энергиясарфанамоии ИМОГЭваЭ АМИТ Давлатшоев С.Қ.) ва 4) Хусусиятҳои таъминоти об дар шароити тағйирёбии иқлим (модератор мудири лабораторияи иқлимшиносӣ ва яхшиносии ИМОГЭваЭ АМИТ Ниёзов Ҷ.Б.) идома ёфт. Дар бахши аввал 6 маърўза, дар бахши дуюм 8 маърўза, дар бахши сеюм 6 маърўза, дар бахши чорум 10 маърўза ва дар маҷмўъ, дар ҷараёни конференсияи мазкур 35 маърўзаи илмӣ шунида ва муҳокима карда шуданд. 

 

  

Идомаи кори конференсия дар бахшҳо

 

  Дар рафти Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ: ҳолат, нигоҳи нав ва дурнамои рушд» масоили ҳалталаби илмие, ба монанди равандҳои асосии тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба миқдор ва сифати захираҳои обӣ, масъалаҳои рушди устувор, раванди гармшавии глобалии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, идоракунии маҷмаавии захираи оби дарёҳо, тадқиқ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, тадқиқи ҳолат ва ҳифзи пиряхҳо, мушоҳида ва тадқиқи хатароти кўлҳои пиряхӣ, таъминоти об шароити иқлими тағйирёбанда ва дигар масъалаҳои марбут ба обу иқлим мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

Расми хотиравӣ пас аз ҷамъбасти кори конференсия

 

  Ҳамин тавр, маводҳои Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ: ҳолат, нигоҳи нав ва дурнамои рушд» дар ҷилди 1, шумораи 3-и маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология» дар ҳаҷми 215 саҳифа ба нашр расида, дастраси меҳмонон, муаллифон ва дигар иштирокчиёни конференсия гардид ва инчунин, ба китобхонаҳои марказӣ ирсол карда шуд.

 

Маърӯзаҳои пленарӣ:

  1.  Фазылов А.Р. Законодательная база  в области безопасности  гидротехнических сооружений  в Таджикистане
  2.  Пулатов Я.Э. Проблемы водохозяйственного комплекса Таджикистана и пути их решения 
  3.  Абдусаматов М. Вопросы водопользования и мелиоративное состояние орошаемых земель в бассейне реки Вахш
Last modified on Чоршанбе, 27 Октябр 2021
Яндекс.Метрика