wrapper

Навидҳои рӯз

  Мусаллам аст, ки моҳи феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади мусоидат ба ҳалли масоили экологӣ ва инчунин, ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро эълон намуд ва озмунҳои фавқ аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор гардида, 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда шуданд.

  Ҷаласа ҷамъбастии озмунҳои мазкурро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ҳусни ифтитоҳ намуда, Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ғолибони озмуни «Маърифати экологӣ» ва муовини Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Фазлиддин Икромӣ ғолибони озмуни «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро эълон карданд.

  Маврид ба зикр аст, ки ба унвони комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» 57 нафар довталаб ва ба унвони комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» 56 нафар довталаб аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва манотиқи ҷумҳурӣ мавод, асару мақолаҳо ва гузоришу нигоришҳо бо забонҳои давлатӣ, англисӣ, русӣ ва узбекӣ пешниҳод намуданд. Дар озмунҳои мазкур рӯзноманигорони касбӣ, олимони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла докторону номзадҳои илм, унвонҷӯёну аспирантон, магистрону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманд иштирок намуданд.

  Боиси ифтихори мо, аҳли кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, ки муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои техникӣ Номвар Қурбон дар Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ширкат варзида, барои силсилаи мақолаҳо дар самти мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва масоили экологӣ бо Дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ба унвони комиссияи озмуни мазкур аз ҷониби олими ҷавону сермаҳсул Номвар Қурбон мақолаҳои «Мутобиқшавӣ дар ноҳияҳои кӯҳсор ба раванди афзоиши ҳарорат (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» (маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», 2022, №6), «Тағйирёбии иқлим ва иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон» (рӯзномаи «Баҳори Аҷам», 12.07.2022, №19-20 (604)), «Арзёбии баробарии гендерӣ ва осебпазирии бонувон (дар раванди тағйирёбии иқлим)» (рӯзномаи «Баҳори Аҷам», 24.05.2022. - №15 (599)), «Роғун – кафили рушди устувори экологӣ ва иқтисодии минтақа» (маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология», 2022, Ҷ.2, №4), «Влияние климатических изменений на сток реки Ванч о данным наземных наблюдений» (Научно-практический журнал «Водные ресурсы, энергетика и экология», 2022, Т.2, №3) ва «Изменения климата бассейна реки Бартанг при глобальном потеплении» (Материалы международной конференции «Гидрометеорологические исследования в условиях изменения климата: актуальные проблемы и пути их решения». - Ташкент, Узбекистан, 3-4.06.2022) пешниҳод гардида буданд.

  Номзади илмҳои техникӣ Номвар Қурбон воқеан ҳам олими пуркору сермаҳсул ва навҷӯву эҷодкор буда, танҳо давоми соли 2022 1 монография, 3 китоб, 7 мақолаи илмӣ, 8 мақолаи илмӣ-оммавӣ таълиф намуда, дар 5 конференсияи байналмилалӣ маърӯза кардааст ва соҳиби 2 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) гардидааст. Мақолаҳое, ки барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» пешниҳод кардааст, баше аз фаъолияти илмию эҷодии муаллиф буда, дар заминаи пажӯҳишҳои ҷадид ва далелҳои муътамади илмӣ навишта шудаанд.

  Раёсати Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муовини директор оид ба илм ва таълим Номвар Қурбонро барои ғолибият дар Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзуи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» табрику шодбош намуда, ба устод дар идомаи фаъолияти роҳбарӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ ва омӯзгорию эҷодӣ комёбию бурдбориҳоро таманно менамояд.

 

https://khovar.tj/2023/01/oliboni-ozmun-oi-ekologii-ma-lisi-namoyandagon-muajyan-shudand/?fbclid=IwAR0PWm0UJpJcFL-eiuWcl5le8fBCoe24BoxMkdtuQhi8SBz4opa5IyoVWkI 

Last modified on Панҷшанбе, 26 Январ 2023
Яндекс.Метрика