Ҳадафи асосии экспедитсияи мазкур таҳкими иқтидори миллӣ дар самти мониторинги хушксолӣ ва низоми огоҳсозии бармаҳал, муаррифии технологияҳои муосири мушоҳидаи Замин ва воситаҳои геофазоӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва шарикони байналмилалӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ мебошад.
Ҳамчунин коршиносони Механизми минтақавии мубориза бо хушксолии ESCAP аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар экспедитсяи мазкур ширкат варзиданд.
Иштирокчиён бо таҷрибаҳои амалии экспедится, барои муайн намудани намнокии заминҳои корӣ ва саҳроии минтақаи н. Данғара, дар самти мониторинги хушксолӣ, арзёбии ҳолати зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва идоракунии мониторинги зироати кишоварзӣ аз таҷрибаҳои коршиносон огоҳӣ пайдо намуданд.
Дар натиҷа, аҳаммияти истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва маълумоти кайҳонӣ барои рушди низоми миллии мониторинги хушксолӣ, такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, баланд бардоштани иқтидори мутахассисон ва таҳкими муқовиматпазирии кишвар ба таъсири тағйирёбии иқлим таъкид гардид.




Тоҷикӣ
Русский
English