Натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
Дар баромади худ директори Институт д.и.т. Гулаҳмадзода А.А. қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмии ходимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таҳкими заминаи таҳқиқоти илмӣ, рушди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ равона гардид.
Ходимони илмии Институт дар давраи ҳисоботӣ 3 монография ва 80 мақолаи илмӣ ба нашр расонидаанд. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ 39 мақола дар маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар, аз ҷумла 22 мақола дар пойгоҳи байналмилалии Scopus индексатсияшуда, ва 41 мақола дар маҷаллаҳои илмии дохили кишвар руйи чоп омадааст.
Мақолаҳои олимони Институт дар маҷаллаҳои байналмилалии соҳаҳои гидрология, захираҳои об, тағйирёбии иқлим, пиряхшиносӣ, экология вамониторинги муҳити зист, аз ҷумла Journal of Hydrology, Journal of Hydrology: Regional Studies, Regional Sustainability, Remote Sensing, Geophysical Research Letters, Sustainable Cities and Society, Quaternary Science Reviews, Organic Geochemistry, IEEE Transactions on Geoscience and Remote Sensing, International Journal of Applied Earth Observation and Geoinformation ва Pure and Applied Geophysics ба табъ расидаанд.
Дар байни корҳои нашршуда таҳқиқоти марбутба тағйирёбии гидроиқлимӣ, ҳолат ва динамикаипиряхҳои Тоҷикистон, хушксолӣ, захираҳои об, намнокии хок, сифати ҳаво, равандҳои гидрологӣва масъалаҳои экологӣ мавқеи муҳим доранд.
Нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла маҷаллаҳои индексатсияшавандаи Scopus ва Web of Science, барои рушди ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ, баланд бардоштани нуфузи илмии Институт вамуаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти олимониТоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаимусоид фароҳам меорад.
Дар самти ҳифзи моликияти зеҳнӣ кормандони институт 6 патент ба даст оварда, барои гирифтани патент 5 пешниҳоди ариза манзур намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Институт дар зиёда аз 134 чорабинии илмӣ, аз ҷумла конференсияҳо, семинарҳо ва тренингҳо, иштирок намуда, дар 77 конференсияи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати илмии ҷомеа ва тарғиби дастовардҳои илмӣ, кормандони институт 64 мақолаи илмӣ-оммавӣ ба нашр расонида, дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо маърӯзаҳо ва баромадҳои илмӣ иштирок намуданд.
Дар институт маҷаллаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология» фаъолият менамояд. Маҷалла тибқи шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2024, №346/МҶ-97 ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ шумораҳои 1 ва 2-и маҷалла барои соли 2026 ба нашр расида, дар онҳо натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон дар самтҳои об, энергетика, экология ва масъалаҳои марбут ба рушди устувор инъикос ёфтанд.
Айни замон дар институт 3 лоиҳаи фармоишӣ ва 1 лоиҳаи Фонди президентӣ амалӣ гардида истодаанд. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар самтҳои афзалиятнок, ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи об, гидроэнергетика ва экология ва истифодаи натиҷаҳои илмӣ дар амал мусоидат менамояд.
Тоҷикӣ
Русский
English