wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 31 августи соли 2026 ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ, Давлатшо Саломат Қаноат барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, инчунин постдокторанти институт Насруллозода Фарҳод Хуҷа, номзади илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд” аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гадонида шуданд.

  Роҳбарият ва аҳли кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ устодони азизро барои ноил шудан ба Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоянд.

Last modified on Сешанбе, 01 Сентябр 2026
Яндекс.Метрика