wrapper

Навидҳои рӯз

   Санаи 8 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

  Дар кори маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзиданд…

Баъд аз суханронии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказӣ, Раҷабзода Ҳусниябону – раиси ноҳияи Мурғоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Қурбонов Номвар – муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Тоҳирӣ Шукрона – донишҷўи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», Фаррух Ҳасанов – ғолиби Озмуни телевизионӣ миёни сарояндагон дар Федератсияи Русия, Абдулаҳадзода Сайдулло – муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии Ҷамиъяти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», Холмаҳмадзода Солеҳа – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идизода Зарина – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, дар музокира, баромад намуданд.

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Номвар Қурбонов дар музокира андешаҳои хешро чунин баён намуд:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ҳамсафони гиромӣ,

Боиси хушнудист, ки соли 2023 аз саъю талошҳои Шумо, Пешвои муаззами миллат дар пешбурд ва татбиқи Рўзномаи ҷаҳонии об бист сол сипарӣ мегардад.

Дар ин муддат, ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо шоҳид гардидаву эътироф намудааст, ки масоили марбут ба обу иқлим дар сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Шумо, Пешвои маҳбуби миллат ҷойгоҳ ва мақоми махсус доранд.

Аз ин рў, барои мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус мо, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Шумо, чун кишвари ташаббускор ва пешсафи ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим дар тамоми ҳамоишҳои сатҳи баланди соҳа, махсусан чорабиниҳои ду ниҳоди байналмилалӣ – Форумҳои ҷаҳонии об ва Конференсияҳои тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим фаъолона ширкат меварзад ва иқдомҳои аҳамияти ҷаҳонидоштаро пешниҳод менамояд.

Воқеан, ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо, Пешвои миллат дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои мушаххасеро дар пай дошта, ҳамагӣ барои ҳифзи ояндаи кураи арз равона гардидаанд ва дар асоси ин иқдомот бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – СММ 10 қатънома қабул кардааст, ки нишонаи баланди эътирофи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ аст.

Мушкилоти тағйирёбии иқлим ва коҳишёбии захираҳои об, ки ба ҳам тавъаманду ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, ҳамеша дар мадди назари сиёсати башардўстонаи Шумо, Пешвои муаззами миллат қарор доранд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо дар ин самт, дар заминаи далелҳои дақиқ рўйи кор омада, аз ҷониби аксар давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, Шумо зимни суханронии хеш дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, дар бораи таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба ҳолат ва дурнамои пиряхҳои манотиқи кўҳсор ва навоҳии Арктика, Антарктида ва Гренландия андешаҳои бикр баён намудед.

Оре, ҳақиқати маҳз ба ҷониби каломи баландмазмуни Шумост, зеро тибқи мушоҳидаҳои олимон коҳишёбии зиёдтарини пиряхҳо дар қаторкўҳҳои арзҳои муътадилу тропикӣ, чун Помир, Тиёншон, Алп, Анд, Қафқоз, Кордилер ва ғайра ба назар мерасад. Масалан, тибқи ҳисоботи «Арзёбии Ҳиндукуш дар Ҳимолой», ки натиҷаи фаъолияти 5-солаи беш аз 350 муҳаққиқ аз 22 кишвар ва узви 185 созмон мебошад, то охири асри XXI аз се ду ҳиссаи пиряхҳои минтақа нобуд мешаванд. Зиёда аз ин, мувофиқи арзёбии мазкур раванди обшавии пиряхҳои минтақаро, ки манбаи оби нўшокӣ барои 2 млрд аҳолии сайёраанд, ҳатто ҳадафи ниҳоии Созишномаи иқлимии Париж, яъне маҳдуд кардани гармшавии глобалии иқлим то 1,5°С боздошта наметавонад.

Ҳамзамон, аз рўйи маълумоти «Атласи пиряхҳо ва захираҳои оби Анд», ки аз тарафи UNESCO ва Маркази иртибототи экологии Норвегия таҳия гардидааст, бо чунин тамоюл обшавии пиряхҳои минтақа боиси аз 78% то 97%-и ҳаҷми худро гум кардани онҳо дар интиҳои асри ҷорӣ мегардад.

Ҳуҷҷатҳои болозикр пас аз гузоришҳои бузургтарин ниҳоди ҷаҳонии мушкилоти иқлимӣ – Гурўҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим манбаи боэътимоди далелҳои илмӣ дар бораи иқлим, захираҳои об ва пиряхҳо буда, хушбахтона суханони Шумо, Пешвои муаззамро комилан тасдиқ менамоянд. Ин далелу санадҳо шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо оид ба мушкилоти обу иқлим дар асоси далелҳои муътамади илмӣ хулосабарорӣ гардида, баҳри рафъи мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудаанд.

Дар робита ба ин, бояд зикр намоям, ки шахсан барои камина боиси ифтихор ва масъулият низ ҳаст, зеро ҳам кафедраи хатмнамудаам – кафедраи обуҳавошиносӣ ва иқлимшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳам муассисаи фаъолиятдоштаам – Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маҳз дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо, Пешвои муаззам таъсис ёфтаанд. Яъне, поягузори беавоситаи ин муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимӣ Шумо, Пешвои маҳбуб ҳастед. Аз ин рў, дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо, дар институт фаъолияти хуби илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина, аз ҷониби кормандони институт, аз ҷумла камина, монографияи «Баланд бардоштани бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ. Дар мисоли силсиланеругоҳҳои барқи обии дарёи Вахш» (дар 3 ҷилд), китобҳои «Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳадафҳои рушди устувор», «Пешвои миллат: масоили об, иқлим ва экология» таълиф гардида, патентҳои ихтироотии «Системаи идоракунии соҳаи обу энергетика дар шароити тағйирёбии иқлим», «Усули танзими байниҳавзавии маҷрои дарёҳо» ба даст оварда шудаанд.

Ҷаҳони сипос барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагию падаронаатон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Last modified on Сешанбе, 12 Декабр 2023
Яндекс.Метрика