Вохурӣ бо намояндаи доимии барномаи рушди Созмони милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 июни соли 2026 дар ҳошияи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ ва баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ва омӯзиши миллӣ таҳти унвони «Системаҳои мониторинги хушксолии кишоварзӣ дар асоси технологияҳои мушоҳидаи Замин», ки дар Институт баргузор гардид, вохурии директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерджи ва Роҳбари Дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кристине Товмасиян мулоқот анҷом дод.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами марбут ба тағйирёбии иқлим, мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ, идоракунии устувори захираҳои об, рушди энергетикаи сабз, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи технологияҳои муосири мушоҳидаи Заминро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, оид ба густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди иқтидори кадрӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар самти мониторинги захираҳои об ва пешгӯии хушксолӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳо байни Институт ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид табодули назар сурат гирифт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои захираҳои об, экология, тағйирёбии иқлим ва энергетика изҳор намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди илм, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ карданд.
Тоҷикӣ
Русский
English