Ҳамгироии рушди гидроэнергетика ва устувории экологӣ дар Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи:«Ҳамгироии рушди гидроэнергетика ва устувории экологӣ дар Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинӣ — баррасии масъалаҳои мубрами рушди устувори гидроэнергетика, арзёбии хавфҳои экологӣ ва таҳияи равишҳои илмӣ асоснокшуда ҷиҳати мутобиқсозии бахши обу энергетика ба тағйирёбии иқлим мебошад. Дар ҷараёни семинар усулҳои муосири моделсозии равандҳои гидрологӣ, масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, инчунин механизмҳои мутаносибгардонии талаботи энергетикӣ бо маҳдудиятҳои экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Тоҷикӣ
Русский
English