Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ғояҳои башардӯстона ва ҳамгироёнаи масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист эътироф гардидаанд ва дар заминаи ташаббусу пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид чордаҳ қатънома қабул кардааст. Аз ин рӯ, дар ин китоб ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва мушкилоти экологӣ дар асоси далел ва қонунияти метеорологӣ, климатологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ таҳлил ва арзёбӣ гардиданд.
Шурои илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 7 январи соли 2026, суратҷаласаи №1 ба чоп тавсия намудааст.
Зери назари: Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт
Муҳаррири масъул: директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Шерализода Назриалло Шералӣ
Номвар Қурбон. Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим. – Душанбе, 2026. - 140 с.
Last modified on Панҷшанбе, 30 Апрел 2026