wrapper

Навидҳои рӯз

 17 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ” конференсияи илмӣ-амалӣ ва омӯзиши миллӣ дар мавзӯи «Системаҳои мониторинги хушксолии кишоварзӣ дар асоси технологияҳои мушоҳидаи Замин» баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ва ташкилотҳои шарик баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими иқтидори миллӣ дар самти мониторинги хушксолӣ ва низоми огоҳсозии бармаҳал, муаррифии технологияҳои муосири мушоҳидаи Замин ва воситаҳои геофазоӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва шарикони байналмилалӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ мебошад.
Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои масъули соҳаҳои кишоварзӣ, захираҳои обӣ, гидрометеорология, идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP), коршиносони Механизми минтақавии мубориза бо хушксолии ESCAP аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар чорабинӣ ширкат варзиданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои биология, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода Акобир Карим оғоз гардид. Ӯ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ ва хушксолӣ аз ҷумлаи мушкилоти муҳимтарини ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба захираҳои обӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори кишварҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ таъсири ин равандҳоро бештар эҳсос намуда, барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими иқтидори миллӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.
Сипас, Судипто Мукерҷӣ, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (и.в.) ва Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон, суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои пурсамари Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хавфҳои офатҳои табиӣ ёдовар шуд. Ӯ аҳаммияти истифодаи технологияҳои мушоҳидаи Замин, маълумоти моҳворавӣ ва воситаҳои геофазоиро барои таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал ва қабули қарорҳои илмӣ асоснок махсус таъкид намуд.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ ва хушксолӣ, истифодаи технологияҳои муосири мушоҳидаи Замин, маълумоти моҳворавӣ ва воситаҳои геофазоӣ барои мониторинги вазъи кишоварзӣ ва пешгӯии хавфи хушксолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён бо таҷрибаҳои миллӣ ва минтақавӣ дар самти мониторинги хушксолӣ, арзёбии ҳолати зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва идоракунии захираҳои обӣ шинос гардида, роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва байналмилалиро муҳокима намуданд.
Дар натиҷа, аҳаммияти истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва маълумоти кайҳонӣ барои рушди низоми миллии мониторинги хушксолӣ, такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, баланд бардоштани иқтидори мутахассисон ва таҳкими муқовиматпазирии кишвар ба таъсири тағйирёбии иқлим таъкид гардид
Яндекс.Метрика