wrapper

Навидҳои рӯз

  Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ва арзишмандтарин неъматҳои миллӣ ба шумор меравад. Истиқлол ба мо имкон фароҳам овард, ки сарнавишти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намуда, роҳи рушди давлати соҳибихтиёри худро интихоб намоем. Мардуми сарбаланди тоҷик, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ мебошад, барои ба даст овардан ва таҳкими ин неъмати муқаддас роҳи пурпечутобу сарнавиштсозро тай намуд.
  Дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воқеаҳои мураккаби сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлати ҷавони Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои душвортарини таърих табдил ёфт. Кишвар ба буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳаёти ҷомеа таъсири калон расонид. Дар чунин шароити ниҳоят ҳассос нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеа ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат табдил ёфт.
Дар чунин вазъияти тақдирсоз сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайваста барои ба ҳам овардани ҷонибҳои мухолиф заминаи расидан ба сулҳи деринтизор, таҳкими ваҳдати миллӣ ва оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистонро фароҳам овард. Дар ин раванди таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа аҳаммияти бузург пайдо намуд.
Пас аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, дар назди давлат вазифаи дигар - барқарор намудани иқтисодиёти кишвар, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ қарор гирифт. Дар ин раванд захираҳои об ҳамчун сарвати стратегӣ ва омили муҳимми рушди устувори кишвар мавқеи махсус пайдо кард.
Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор ва дорои захираҳои фаровони обӣ мебошад, аз рӯзҳои аввал ба масъалаи истифодаи оқилона, ҳифз ва идоракунии захираҳои об таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Аммо дидгоҳи Пешвои миллат ба масъалаи об танҳо дар доираи манфиатҳои миллӣ маҳдуд нашуд. Тоҷикистон масъалаи обро аз сатҳи миллӣ ба сатҳи минтақавӣ ва сипас ба рӯзномаи ҷаҳонӣ бароварда тавонист.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми сиёсати обии Тоҷикистон дар он иникос мегардад, ки ташаббусҳои кишвар масъалаи обро на ҳамчун манбаи эҳтимолии ихтилоф, балки ҳамчун воситаи ҳамкорӣ, сулҳ, эътимод ва рушди устувор муаррифӣ намуд. Ин дидгоҳ бо назардошти рӯзафзуни захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим аҳаммияти махсус касб намуд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Тоҷикистон ва бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор қатъномаҳо ва ташаббусҳои муҳимми байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим қабул гардиданд. Эълон шудани солҳои байналмилалӣ ва даҳсолаҳои байналмилалии марбут ба об, баргузории конфронсҳои сатҳи баланд ва пешбурди масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об нақши фаъол пайдо кардааст.
Имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти норасоии об, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши талабот ба захираҳои об рӯ ба рӯ гардидааст, аҳаммияти ин ташаббусҳо боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ба захираҳои об сахт вобаста аст, масъалаи об ба яке аз масъалаҳои калидии амнияти минтақавӣ табдил ёфтааст.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аз соли 2000-ум сар карда имрӯз ба яке аз равандҳои муҳимми дипломатияи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор» марҳилаҳои асосии ин равандро ташкил медиҳанд. Дар идомаи ин ташаббусҳо, Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳоро низ ба рӯзномаи ҷаҳонӣ бароварда, соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034-ро «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера» пешбарӣ намуд.
Дар чунин шароит масъалаи об дигар танҳо масъалаи як давлат ё минтақа набуда, он ба масъалаи суботи иҷтимоӣ, рушди устувор ва ниҳоят ба масъалаи ҳаёт ва ояндаи инсоният табдил ёфтааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлимро метавонем аз ҷумлаи ташаббусҳои муҳимми башардӯстонаи замони муосир арзёбӣ намоем. Зеро имрӯз инсоният бо норасоии об, тағйирёбии иқлим, обшавии бо суръати пиряхҳо, хушксолӣ, биёбоншавӣ ва афзоиши хавфҳои экологӣ рӯ ба рӯ гардидааст.
Агар масъалаи оби ошомиданиро яке аз таҳдидҳои ҷиддии глобалии асри XXI таҳлил намоем, се рақами муҳимро набояд фаромӯш кард. Тибқи маълумоти сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2024 ҳанӯз ҳам тақрибан 2,1 миллиард нафар ба оби ошомидании босифат дастрасии кофӣ надоштанд. Тақрибан 3,6 миллиард нафар дар давоми на кам аз як моҳи сол бо мушкилоти дастрасӣ ба об рӯ ба рӯ мешаванд. Соли 2024, аз ҳама нигаронкунанда он буд, ки тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар як қисми сол бо шароити норасоии шадиди об рӯ ба рӯ гардиданд.
Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Гузориши ҷаҳонии рушди об дар соли 2024 қайд намудааст, ки шиддат гирифтани мушкилоти норасоии об метавонад, хавфи низоъҳои маҳаллӣ ва минтақавиро бештар намояд.
Дар чунин шароити мураккаби ҷаҳонӣ ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамчун иқдомҳои муҳим ва саривақтӣ дар самти ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими инсоният ва таъмини ояндаи устувори сайёра арзёбӣ мегарданд.
Тибқи гузориши охирини Барномаи муштараки мониторинги Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ дар давраи солҳои 2000-2024 дар ҷаҳон тақрибан 2,2 миллиард нафар ба хизматрасонии бехатари идорашавандаи оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо кардаанд. Бо вуҷуди ин, пешрафти бадастомада ҳанӯз барои ҳалли пурраи масъала кофӣ нест.
Агар ба вазъи соли 2024 назар кунем, миқёси мушкилот боз ҳам равшантар мегардад. Дар ҷаҳон ҳанӯз тақрибан 2,1 миллиард нафар ба хизматрасонии бехатари идорашавандаи оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Аз ин шумора тақрибан 1,4 миллиард нафар аз хизматрасонии асосии об истифода мебаранд, 287 миллион нафар ба хизматрасонии маҳдуд дастрасӣ доранд, 302 миллион нафар аз манбаъҳои беҳбуднаёфтаи об истифода мебаранд ва 106 миллион нафар обро бевосита аз манбаъҳои оби рӯизаминӣ, аз ҷумла дарёҳо ва кӯлҳо, мегиранд.
Ин рақамҳо танҳо як омор нестанд. Дар паси ҳар як рақам миллионҳо нафар инсон, кӯдакон ва оилаҳо қарор доранд, ки дастрасии онҳо ба яке аз муҳимтарин неъматҳои ҳаёт, об ҳанӯз ҳам таъмин нашудаанд. Аз ин рӯ, масъалаи оби ошомиданӣ имрӯз дигар танҳо масъалаи таъмини аҳолӣ бо як намуди хизматрасонии коммуналӣ набуда, он ба масъалаи саломатии инсон, амнияти озуқаворӣ, рушди босуботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ ба масъалаи ҳифзи ояндаи инсоният табдил ёфтааст.
Дар чунин шароити ҷаҳонӣ ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо, ҳалли ҳасъалаҳои вобаста ба об, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳаммияти махсус пайдо карда, имрӯз барои тамоми инсоният аҳаммияти ҳаётӣ доранд.
Аз ин нуқтаи назар, ташаббусҳои Тоҷикистонро метавон саҳми муҳим дар ҳалли яке аз мушкилоти бузурги глобалии асри XXI, таъмини рушди устувор обӣ ва ҳифзи ояндаи инсоният арзёбӣ намуд.
Бӯҳрони обро бе баррасии тағйирёбии иқлим ва вазъи пиряхҳо тасаввур кардан мумкин нест. Зеро қисми муҳими захираҳои оби минтақаҳои кӯҳистонӣ маҳз дар шакли барфу пиряхҳо захира мегардад. Бо тағйир ёфтани иқлим низоми табиии захираҳо ва танзими об низ тағйир меёбад.
Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад. Кишвари мо яке аз марказҳои асосии пиряхҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз 60 фоизи захираҳои обӣ минтақа дар ҳудуди Тоҷикистон ташакул меёбанд. Пиряхҳо на танҳо сарвати табии, балки яке аз манбаъҳои муҳими таъмини оби дарёҳо ва рушди устувори обии минтақа мебошанд, ки дар таъмини об ба соҳаҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, экосистемаҳо ва зиндагии миллионҳо нафар аҳаммияти муҳим доранд.
Мутаассифона, тағйирёбии иқлим ин захираи азими табииро таҳти таъсири ҷиддӣ қарор додааст. Тибқи маълумоти Атласи тағйироти муҳити зисти UNEP, ҳарорати миёнаи солонаи Тоҷикистон дар давраи мушоҳидашуда тақрибан 1,2 дараҷа афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, аз 14 ҳазор пиряхҳои кишвар, зиёда аз 1 300 пирях пурра аз байн рафтаанд.
Дар марҳилаи аввал обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба зиёдшавии маҷрои дарёҳо ва хавфи селу обхезӣ оварда расонад. Аммо дар дурнамои дарозмуддат коҳиши ҳаҷми пиряхҳо метавонад қобилияти табиии кӯҳҳоро барои нигоҳдорӣ ва тадриҷан озод кардани об коҳиш диҳад. Ин метавонад махсусан дар мавсими гарму хушк ба дастрасии об таъсир расонад.
Ҳифзи пиряхҳо танҳо масъалаи ҳифзи табиат набуда, ин ба ҳифзи захираҳои обӣ рушди кишоварзӣ, гидрэнергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ниҳоят суботи инсоният мебошад.
Маҳз дар ҳамин замина ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ташаббусҳое, ки масъалаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баровардаанд, дар асл ба ҳалли масъалаҳое равона гардидаанд, ки бо ҳаёт ва рушди наслҳои имрӯзаву оянда алоқаманданд аст.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО, талаботи ҷаҳонӣ ба оби ширин дар даҳсолаҳои охир пайваста афзоиш ёфта, суръати афзоиши истифодаи об дар ҷаҳон тақрибан 1 фоиз дар як солро ташкил медиҳад. Ин раванд бо афзоиши аҳолӣ, рушди шаҳрҳо, тавсеаи истеҳсолоти саноатӣ, рушди кишоварзӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим боз ҳам шиддат мегирад.
Тибқи маълумотҳои мавҷудбуда 70 фоизи истифодаи оби ширин ба соҳаи кишоварзӣ, 20 фоиз барои эҳтиёҷоти саноат ва тақрибан 10 фоиз барои истифодаи маишӣ ва коммуналӣ сарф мешавад.
Ин нишондиҳандаҳо як ҳақиқати муҳимро нишон медиҳанд, ки имрӯз об натанҳо масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ балки, бо тамоми низоми ҳаёт ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа алоқаманд мебошад.
Тағйирёбии ҳарорат, коҳиши захираҳои барфу пирях, тағйирёбии низоми боришот, хушксолиҳо ва афзоиши ҳодисаҳои экстремалии обу ҳаво метавонанд ба дастрасӣ ва тақсимоти захираҳои об таъсири ҷиддӣ расонанд.
Маҳз ҳамин хусусияти байнисоҳавии масъалаи об, зарурати ҳамкории кишварҳо ва қабули қарорҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалиро ба миён меорад.
Дар чунин шароит масъалаи об аз доираи як масъалаи миллӣ берун рафта, ба яке аз масъалаҳои муҳими рушди устувор ва ояндаи инсоният табдил ёфтааст.
Таҷрибаи Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи пайваста ба рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ метавонад ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои об мусоидат намояд.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ки ба маълумоти Барномаи муштараки мониторинги Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ такя мекунад, ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон, ки ба хизматрасонии ҳадди ақалли асосии оби ошомиданӣ дастрасӣ дорад, аз 55,5 фоиз дар соли 2000 то 89,2 фоиз дар соли 2024 афзоиш ёфтааст.
Ин пешрафти назаррас аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ буда, натиҷаи рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ ва тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои об мебошад. Ин масъала махсусан дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои об аҳаммияти бештар пайдо намуд.
Дар давраи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо оби ошомидании бехатар ба пешрафти назаррас ноил гардид. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ, дар давраи солҳои 2000-2024 тақрибан 2,2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба хизматрасонии бехатари идорашавандаи оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд. То соли 2024 ҳиссаи аҳолии ҷаҳон, ки аз чунин хизматрасонӣ истифода мебарад, ба 74 фоиз расид.
Бо вуҷуди ин, мушкилоти мавҷудбуда ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Дар соли 2024 тақрибан 2,1 миллиард нафар ба хизматрасонии бехатари идорашавандаи оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд. Аз ин шумора 1,4 миллиард нафар танҳо аз хизматрасонии асосӣ, 287 миллион нафар аз хизматрасонии маҳдуд, 302 миллион нафар аз манбаъҳои беҳбуднаёфта ва 106 миллион нафар бевосита аз обҳои рӯизаминӣ истифода мебурданд.
Ҷанбаи дигари нигаронкунанда таъсири бевоситаи масъалаҳои об ба саломатии инсон мебошад. Тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, танҳо соли 2019 тақрибан 1,4 миллион нафар дар ҷаҳон бар асари омилҳои вобаста ба оби номуносиб, санитарияи нокифоя ва шароити номусоиди гигиенӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ин вазъият бори дигар собит месозад, ки масъалаи об танҳо масъалаи истифодаи захираҳои табиӣ нест, балки масъалаи саломатии аҳолӣ, рушди устувор ва суботи наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Дар чунин шароит ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти хосса пайдо мекунанд. Ин ташаббусҳо на танҳо ба ворид намудани масъалаҳои об ба рӯзномаи байналмилалӣ, балки ба таҳкими ҳамкории давлатҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти умумии обӣ, ҳифзи захираҳои об ва пешгирии хатарҳое равона шудаанд, ки ба саломатии инсон, рушди устувор ва зиндагии наслҳои имрӯзу оянда таъсир мерасонанд. Бо талошҳои созанда ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, ҷонибдори сулҳу субот ва ҳамкории байналмилалӣ мавқеи сазовор пайдо намудааст.
35 соли Истиқлоли давлатӣ роҳи пуршарафи таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар ин давра дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои муҳим ба амал омада, заминаҳои мусоиди рушди иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф ва фарҳанг фароҳам гардид. Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ, нерӯи зеҳнӣ ва меҳнати созанда роҳи рушди мустақили худро муайян намояд.
Мо, аҳли кормандони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ин дастовардҳоро ҳамчун масъулияти бузург дар назди Ватан ва наслҳои оянда дарк менамоем. Мо бо эҳсоси Aбаланди садоқат ба Ватан, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ таҳти шиори «Зинда бош, эй Ватан - Тоҷикистони озоди ман!» муттаҳид шуда, рисолати худро на танҳо дар пешбурди илм, балки дар хизмат ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебинем.
Ободии Ватан ва пешрафти давлат аз дониш, меҳнати содиқона, масъулияти шаҳрвандӣ ва иқтидори зеҳнии ҷомеа вобаста аст. Аз ин рӯ, мо метавонем бо истифода аз нерӯи илмӣ, таҷрибаи касбӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар ҳалли масъалаҳои муҳимми кишвар саҳми бештар гузорем.
Мо метавонем тавассути таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ ба ҳалли масъалаҳои захираҳои об, гидроэнергетика, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хавфҳои табиӣ бо ҳар як ихтироъ, мақолаи илмӣ, натиҷаҳои нави таҳқиқот ва пешниҳодҳои илмии амалишаванда мавқеи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем. Ва муҳимтар аз ҳама, ба нерӯи илми тоҷик, ба истеъдоду қобилияти олимони кишвар ва ба ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бовар дорем.
Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор, таҳкими сулҳу субот ва ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ барои ҷомеаи илмии кишвар низ масъулияти навро ба миён мегузоранд. Ин ташаббусҳо моро бори дигар водор месозанд, ки таҳқиқоти илмиро ба талаботи замон мутобиқ намуда, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ бо натиҷаҳои илмии арзишманд саҳми бештар гузорем.
 
Фирдавс Алиев
номзади илмҳои техникӣ, муовини директори Институти
масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Яндекс.Метрика