Нахуст, ҷаласаро директори институт, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид оғоз намуда, дар бораи натиҷаҳои асосӣ ва дастовардҳои ходимони илмии Институт ба таври мухтасар маърӯза намуд. Аз ҷумла, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ходимони институт 86 мақолаи илмӣ: 18 мақола дар нашрияҳои хориҷӣ, 14 мақола дар конфронсҳои мухталиф, 35 мақола дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва 19 мақолаи илмию оммавӣ ба табъ расида, 9 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) ба даст оварда шудааст. Ҳамзамон, дар Институт Шурои диссертатсионии 6D.КОА-59 аз рӯйи ихтисосҳои 25.00.00 – Илмҳои заминшиносӣ (6D061000 – Гидрология) ва 23.05.00 – Сохтмон ва меъморӣ (6D074400 – Сохтмон ва объектҳои гидравликӣ) фаъолияти пурсамар дорад. Дар баробари ин, ягона маҷаллаи соҳавӣ - Маҷаллаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология», ҳам ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам шомили РИНЦ (Шохиси илмии иқтибосоварии Россия) мебошад.
Дар муҳокима, ноиби президенти АМИТ Илҳом Амонзода, профессор Ғаффоров Абдулазиз Абдулҳафизович ,сарходимони илмии институт профессорон Ҳақдод М.М., Яраш Пулатов, дотсент Номвар Қурбон ва Субҳон Сафиаллоев суханронӣ намуданд.
Last modified on Ҷумъа, 06 Декабр 2024