wrapper

Навидҳои рӯз

Раёсати Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки қалби яке мутахассисони барҷастаи гидродинамика, гидравлика ва назарияи механикии моеъҳо дар Тоҷикистон ва Россия, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Ихтироъкори ИҶШС, собиқ сарходими илмии ИМО,ГЭваЭ АМИТ, доктор илмҳои техникӣ, профессор Сатторов Малик Абдусатторович (08.03.1938-07.04.2022) дар синни 84-солагӣ, дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия аз тапидан боз монд.

Сатторов Малик Абдусатторович 8-уми марти соли 1938 дар оилаи бухгалтер, дар деҳаи Муғелон (Муғиён)-и ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Соли 1956 мактаби миёна ва соли 1961 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқандро аз рӯйи ихтисоси «механика» хатм менамояд. Пас аз хатми донишгоҳ бо дархости Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) ба Душанбе омада, фаъолияти меҳнатиашро дар Шуъбаи физикаю математика (ҳоло Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ) оғоз менамояд. 

Солҳои 1961-1966, аввалан ба ҳайси таҷрибаомӯз ва сипас, ба сифати аспиранти Институти гидродинамикаи ба номи М.А. Лаврентеви Шуъбаи сибирии АИ ИҶШС таҳсил мекунад. Соли 1967 рисолаи номзадиашро дар мазуи «Вопросы питания подземных вод при неустановившихся движениях», таҳти роҳбарии олимаи ғамхору донишманд, академики АИ ИҶШС П.Я. Кочина (1899-1999) дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика мегардад. Пас аз сездаҳсоли дифои рисолаи номзадӣ, дар Институти гидродинамикаи АИ ҶШС Украина (Киев) таҳти унвони «Вопросы фильтрации в области малых скоростей течения» рисолаи докториро аз рӯйи ихтисоси 01.02.05 – Механикаи моеъҳо, газҳо ва плазма ҳимоя карда, ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ мушарраф мегардад.

Солҳои 1967-1978 баҳри татбиқи амалии моделҳои математикии назарияи ҳаракати обҳои зеризаминӣ дар гидрогеологияи мелиоративӣ дар шароити Осиёи Марказӣ, Сатторов М.А. дар эспедитсияи Ёвон иштирок ва бо Союзгипроводхоз (Москва) ва Институти илмӣ-тадқиқотии хокшиносӣ (Душанбе) ҳамкорӣ менамояд. Ҳамчунин, солҳои 1981-1984 аз ҷониби ӯ моделҳои математикии динамикаи пуршавӣ (бо лоиқа) ва пешгӯйии ҳаҷми самараноки обанбори НБО-и Норак таҳия гардида, танзими маҷрои дарёи Вахш бо назардошти тавсифоти гидротермикӣ ва агротабиии заминҳои обёришавандаи даштҳои водиҳои Ёвон, Вахш ва Данғара омӯхта шудаанд. Илова бар ин, Сатторов М.А. модели математикии вазъи гидрогеологии заминҳои навкорами даштҳои Ёвон, Бешкент (ҳоло Носири Хусрав) ва Данғараро коркард намудааст.

Дар маҷмуъ, корҳои илмию тадқиқотии Сатторов М.А. асосан ба муқаррар намудани қонуниятҳои филтрасияи моеъҳо, реологияи гидромеханикаи зеризаминӣ, бухоршавӣ ва инфилтрасияи об дар ноҳияҳои камнам, масъалаҳои таҷрибагузорӣ ва моделонии математикии ҳаракати обҳои зеризаминӣ ва татбиқи амалии онҳо бахшида шудаанд. Дар заминаи корҳои илмӣ-тадқиқотиаш ӯ беш аз 70 асари илмӣ (мақола, рисола, китоб ва монография) ба нашр расонида, таҳти роҳбарии профессор Сатторов М.А. 10 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ кардаанд ва ба гирифтани дараҷаҳои илмии номзади илмҳои физикаю математика ва техникӣ мушарраф гардидаанд.

Профессор М.А. Сатторов аз соли 1968 то соли 2017 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ фаъолият намудааст. Ҳамзамон, ба ҳайси ҳамкор дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1978-2008) аз курсҳои мухталиф лексия хондааст. Дар заминаи корҳои илмӣ-тадқиқотии М.А. Сатторов, соли 1980 дар Институти математика Шуъбаи реологияи математикӣ ва филтратсия таъсис дода шуд. Ва ӯ солҳои 1981-1989 роҳбарии Шуъбаи масъалаҳои математикаи татбиқии Институти математикаро бар уҳда дошт. Аз соли 2009 то соли 2017 ба ҳайси мудир ва сарходими Лабораторияи моделкунонӣ ва таъминоти иттилооти ИМО,ГЭваЭ АМИТ фаъолият кард ва солҳои охир дар шаҳри Новосибирск умр ба сар мебурд.

Сатторов М.А. дар конференсияҳои байналмилалӣ, иттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба механикаи назариявӣ ва амалӣ (1968, 1976, 1981 2001) ва конгрессҳову конференсияҳои Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба тадқиқоти гидравликӣ (1965, 1976, 1983, 2003, 2005, 2006, 2007) пайваста ширкат меварзид ва соли 2000-ум ба узвияти Ассостсиатсияи мазкур пазируфта шуд. Маҳз бо ташаббуси Сатторов М.А. ва дар ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ аз Институти гидродинамика (Новосибирск), Институти математикаи ба номи А.В. Стеклов (Москва) ва Институти математикаи татбиқӣ (Владивосток) дар шаҳри Душанбе конференсияҳои иттифоқӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла «Математические моделирование гидрогеологических процессов в аридных зонах» (1988, 1991), «Математические моделирование стихийных явлений природы и катастроф» (1990) ва «Водные ресурсы и водохозяйственных проблемы Центральной Азии» (1999) баргузор гардиданд.

Тавъам ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Малик Сатторов дар корҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ низ фаъолияти назаррас дошта, солҳои 1967-1978 раисии Шурои олимони ҷавони Институти математикаро ба уҳда дошт ва аввалин директори Мактаби тобистонаи физика, математика ва химия барои кӯдакони болаёқат буд. Солҳои 1977-1978 раиси Иттифоқи касабаи кормандони Институти математика ва солҳои 1987-1988 муовини раиси (оид ба илм) Иттифоқҳои касабаи кормандони АИ ҶШС Тоҷикистон буд.

Доктори илмҳои техникӣ, профессор Малик Сатторов барои хидматҳои бисёрсолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва омода намудани кардҳои илмӣ ба Ифтихорномаи фахрии Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (1988) ва унвони «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» (1998) қадрдонӣ шудааст.

Сад афсӯсу дареғо, ки санаи 7.04.2022 доктор илмҳои техникӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Ихтироъкори ИҶШС Малик Абдусатторович Сатторов дар шаҳри Новосибирски Россия аз олам чашм пӯшид.

Last modified on Душанбе, 11 Апрел 2022
Яндекс.Метрика