wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 25-уми сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар семоҳаи сеюми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҳисоботи мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур иштирок намуданд.

  Ҷаласаро муҳтарам Амонзода И.Т. оғоз намуда, суханро ба директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор барои пешкаш намудани ҳисобот оид ба фаъолияти илмии институт дар семоҳаи сеюми соли 2025 дар назди ҳозирин пешкаш намуд. Дар рафти ҳисобот, ӯ дар бораи натиҷаҳои корҳои илмӣ, дастовардҳои ба даст оварда шуда ва дигар натиҷаҳои лоиҳаҳо ва фаъолияти илмии институт суханронӣ намуд.

  Баъд аз ироаи ҳисобот аз тарафи Амонзода И.Т. ва ҳозирин музкирот ва пешниҳодҳо оид ба боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти институт пешкаш гардида, ҳисоботи 9-моҳаи Институтро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

555640862_122238142694189027_7049357417190449184_n.jpg

555517743_122238142712189027_4659029542695703150_n.jpg

553371434_122238142718189027_2689320972223075209_n.jpg

 

 

Яндекс.Метрика