wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 29-30 апрели соли ҷорӣ, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҷалб ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ, и.в. мудири озмоишгоҳи сифати оби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳои таблиғотию ташвиқотиро миёни донишҷӯёни курсҳои 4-ум баргузор намуданд.

 Дар рафти вохуриҳо масъалаи ҷалби хатмкунандагон ба шуъбаи магистратураи Институт аз рӯйи ихтисосҳои «Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ», «Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат», «Гидрологияи хушкӣ», «Экология», «Сохтмони гидротехникӣ» ва «Тозакунии обҳои табиӣ ва ғализ» баррасӣ гардид.

 Таъкид карда шуд, ки ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба зинаи магистратура, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва рушди иқтидори илмӣ-техникии насли наврас ва таъмини пешрафти илм ва технология, инчунин рушди устувори кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар ин замина, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва фаъолияти илмӣ дар омода намудани кадрҳои соҳибихтисос ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии кадрӣ саҳми назаррас мегузорад.

 

Last modified on Сешанбе, 05 Май 2026
Яндекс.Метрика