wrapper

Навидҳои рӯз

  Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи энергетика ҳамчун яке аз омилҳои калидии таъмини истиқлоли энергетикӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар муҳим ва арзишманд арзёбӣ мегардад. Дар шароите, ки пас аз ба даст овардани истиқлол, кишвар бо норасоии ҷиддии неруи барқ рӯ ба рӯ гардид.
Сиёсати пайгирона ва дурбинонаи Пешвои миллат ба рушди гидроэнергетикаи кишвар заминаи устувор гузошт. Дар ин замина, татбиқи лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла таҷдид ва навсозии Неругоҳи барқи обии Норак ва сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ба самти афзалиятнок табдил ёфт. Ин иқдомҳо барои афзоиши иқтидори истеҳсол, коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои беруна ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуданд.
  Бо татбиқи барномаҳои дарозмуддати давлатӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, заминаи техникию технологӣ ва низоми идоракунии соҳа ба таври назаррас такмил ёфта, истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсол ва коҳиши талафоти энергетикӣ ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-энергетикӣ мусоидат намуд.
Дар сатҳи байналмилалӣ низ нақши Пешвои миллат назаррас буда, ташаббусҳо дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рушди «энергияи сабз» Тоҷикистонро ба кишвари фаъол дар дипломатияи обиву энергетикӣ табдил додааст. Ин раванд барои таҳкими мавқеи кишвар дар бозори минтақавии неруи барқ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам овардаст. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, татбиқи сиёсати энергетикӣ ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини дастрасии устувор ба неруи барқ ва рушди инфрасохтор мусоидат намуд, ки ба таҳкими суботи иҷтимоӣ таъсири мусбат расонд.
Пас аз анҷоми корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳ, иқтидори истеҳсолии гидроагрегатҳо афзоиш ёфта, имконият фароҳам омад, ки дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шавад. Раванди таҷдиди техникии НБО-и Норак аз соли 2019 идома дошта, то имрӯз се агрегати он пурра навсозӣ гардидааст. Дар натиҷа иқтидори умумии неругоҳ 260 МВт зиёд шудааст, ки аз иқтидори пурраи Неругоҳи барқи обии Сангтуда-2 бештар мебошад. Дар баробари ин, барномаи навсозии неругоҳҳои амалкунандаи кишвар имкон медиҳад, ки муҳлати истифодаи онҳо то 70-80 соли дигар тамдид шуда, сатҳи эътимоднокӣ ва самаранокӣ баланд бардошта шаванд. Ин тадбирҳо заминаи устувори рушди энергетикаи миллӣ ва густариши истеҳсоли неруи «сабз»-ро фароҳам меорад.
Дар ин замина, ба истифода додани агрегати 7-ум ҳамчун намунаи равшани сиёсати самараноки энергетикӣ арзёбӣ мегардад. Ба кор даромадани он иқтидори истеҳсолиро ба таври назаррас афзоиш дода, нишон медиҳад, ки навсозии техникӣ метавонад бе сохтмони иншооти нав низ натиҷаҳои назаррас ба бор орад. Муқоиса бо Неругоҳи барқи обии Сангтуда-1 нишон медиҳад, ки иқтидори иловагии чунин агрегатҳо дар баъзе ҳолатҳо ба нишондиҳандаҳои як неругоҳи миёнаиқтидор баробар мегардад.
  Сиёсати энергетикии амалишаванда ба баланд бардоштани самаранокии иқтидорҳои мавҷуда, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба кишвари дорои имкониятҳои васеи содироти неруи барқ табдил дода, барои рушди минбаъдаи содироти он шароити мусоид фароҳам овардааст.
Натиҷаҳои татбиқи сиёсати энергетикии кишвар нишон медиҳанд, ки таҷдид ва навсозии иқтидорҳои мавҷуда, аз ҷумла агрегатҳои Неругоҳи барқи обии Норак, ба афзоиши самаранокии истеҳсол ва таҳкими устувории низоми энергетикӣ мусоидат намуда, ин раванд на танҳо иқтидори техникии соҳа, балки сатҳи эътимоднокии таъминоти барқро низ боло бурда, барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ҳамзамон, истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои неруи бузурги энергетикии «сабз» дар минтақа мусоидат намуда, дурнамои рушди минбаъдаи соҳа ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро тақвият мебахшад.
 
Алиев Фирдавс 
муовини директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон
Яндекс.Метрика