Нақши Институт дар ярмаркаи солонаи ҷойҳои корӣ дар доираи Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон
Санаи 28-уми октябри соли 2025 дар доираи «Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ба ҳамсол» ташкил ва баргузории ярмаркаи солонаи ҷойҳои корӣ бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ барои донишҷӯёни факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, инчунин ташкилоту созмонҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ аз ҷониби иштирокчиён ҳамчун як ниҳоди илмии бонуфуз мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Аз ҷумла, як қатор донишҷӯён ва намояндагони ташкилотҳои иштирокдор хоҳиши ҳамкорӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Институтро иброз доштанд, ки ин метавонад дар оянда барои омода намудани кадрҳои ҷавон ва густариши корҳои илмию тадқиқотӣ мусоидат намояд.
Тоҷикӣ
Русский
English