wrapper

Навидҳои рӯз

  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои наҷотбахши худ дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати фаъолу таъсиргузор дар равандҳои муҳими глобалӣ эътироф гардидааст. Кишварҳои ҷаҳон ба нақши фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обии сайёра, ки дар меҳвари он наҷоти аҳли башар қарор дорад, баҳои баланд додаанд. Ҳамин аст, ки роҳбарони давлатҳо ва намояндагону коршиносони воломақоми ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ ҷаҳати муколама, табодули афкор ва дарёфти роҳҳои муосири ҳифзи захираҳои обӣ ба маркази тасмимгириҳои масоили мубрами байналмилалӣ - пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе меоянд. Шаҳри Душанбе боз мизбони як ҳамоиши муҳимми ҷаҳонӣ - Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 майи соли равон гардид.

  Зимни баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Бо мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва мутаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем».

Доир ба аҳамияти сиёсӣ ва илмии ҷоизаи мазкур бо директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аминҷон Гулаҳмадзода мусоҳиба анҷом додем, ки фушурдаи онро пешниҳод менамоем.

- Аҳамияти сиёсӣ ва илмии ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар чӣ ифода меёбад?

  Ташаккури зиёд, дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи ду даҳсолаи охир аст, ки силсилаи ташаббусҳои байналмилалиро дар соҳаи обу иқлим пешниҳод менамояд ва ҳамаи онҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул мегарданд. Ҳамин аст, ки имрӯз давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф мешиносанд ва эътироф мекунанд. Тоҷикистон тавонист бо баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ дар сиёсати байналмилалӣ истилоҳи наве бо номи “Раванди оби Душанбе” ба амал биёрад. Яъне имрӯз Тоҷикистон маркази дипломатияи об гардидааст. Ин дастовардҳои бесобиқа Пешвои миллати моро водор намуд, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таъсис диҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Аҳамияти сиёсии ин ҷоиза пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки нуфузу эътибори кишвари мо ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои об дар арсаи олам метавонад бамаротиб боло равад. Тоҷикистон дар саҳнаҳои сиёсии ҷаҳон барномаҳои бузурги байналмилалиро роҳбарӣ мекунад ва ин барои тақкими имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар ҷаҳон заминаҳои воқеӣ мегузорад. Аҳамияти илмии ҷоиза бошад ин аст, ки олимону муҳаққиқони ҷаҳон дар самти дарёфти механизмҳои муосир ва рафъи камбудиҳои соҳа таҳқиқотҳои бунёдӣ анҷом диҳанд. 

- Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад, ки нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанги масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло барад?

  Албатта, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари калидӣ дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият мебахшад. Чун ҷоиза мақоми байналмилалӣ дошта аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудааст, бешубҳа имиҷи сиёсӣ ва нуфузу эътибори кишвари моро дар арсаи олам боз ҳам баланд мебардорад.

- Бо дарназардошти афзоиши мушкилоти вобаста ба захираҳои об дар ҷаҳон, ин ҷоиза то кадом андоза метавонад барои ҷалби олимон, муҳаққиқон ва муассисаҳои байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои об мусоидат намояд?

  Мо имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки дар ҷаҳон ҷоизаҳо зиёданд ва ҳамаи онҳо барои ҳавасмандгардонӣ маблағҳои муайяне низ доранд. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об низ аз чунин имтиёзи молӣ бархурдор аст ва ин муҳаққиқони дохилу хориҷро водор ба он месозад, ки ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба об бипардозанд ва тавонанд, ки ин ҷоизаро соҳиб шаванд. Яъне ин ҷоиза ба номзад имкон медиҳад, ки худро ҳамчун муҳаққиқи соҳаи обу иқлим дар арсаи олам муаррифӣ намояд. Аз сӯи дигар ҷоиза муҳаққиқону донишмандони соҳаро ҳавасманд мегардонад, ки таҳқиқотҳои худро дар соҳаи обу иқлим бештар намоянд ва барои дарёфти роҳҳои муосири пешгирӣ аз норасоии об талош варзанд.

- Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши хатари камбуди об дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон, нақши Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро дар пешбурди идеяҳои нав, технологияҳои муосир ва дипломатияи об чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

  Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, болоравии хатари камбуди захираҳои обӣ, обшавӣ ва кандашавии пиряхҳо, хушксолӣ ва шӯршавии обҳо ва масъалаи идоракунии устувори об олимони ҷаҳонро водор намудааст, ки ба ҳам биёянд, сари ин масъалаҳо андеша кунанд ва роҳҳои ҳалли онҳоро дарёфт намоянд. Бояд гуфт, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об на танҳо воситаи қадрдонии дастовардҳои илмӣ ва амалӣ мебошад, балки платформаи муассир барои пешбурди идеяҳои нав, технологияҳои муосир ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ дар бахши об ба ҳисоб меравад. Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи илмӣ ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, коркарди технологияҳои сарфакоронаи обёрӣ, тозакунии об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз муҳимтарин тадбирҳо дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ мешавад. Шояд шахсоне пайдо шаванд, ки дар соҳаи дипломатияи об як корнамоии бузург нишон диҳанд. Яъне тамоми кишварҳо имконият пайдо менамоянд, ки бо ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи об ва пешгирӣ аз эрозияи замин ва шӯршавии обҳо ба ин ҷоиза шарафёб шаванд. Бубинед, ки Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ иқдому ташаббусҳои зиёдеро амалӣ намудааст. Дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки як платформаи ниҳоят хуб аст ва аз соли 1992 фаъолият мекунад, Тоҷикистон чандин пешниҳодҳоро ироа намудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пазируфта шудаанд, яъне ташаббусҳои кишвари мо барои ҳалли мушкилоти об беҳтарин арзёбӣ мешаванд.

- То кадом андоза ин ҷоиза метавонад олимон, муҳаққиқон ва ташкилотҳои байналмилалиро барои пешниҳоди корҳои инноватсионӣ ва илмӣ дар самти ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои об ҳавасманд созад?

  Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об як ташаббуси беназир аст, пешниҳоди бисёр сулҳпарварона аст, ки метавонад коршиносон ва институтҳои байналмилалиро муттаҳид созад. Вақте ки олимону муҳаққиқон дастовардҳои илмии худро барои дарёфти ин ҷоиза пешниҳод намудаву баранда мешаванд, дастовардҳои онҳо дар ҷаҳон муаррифӣ мегарданд. Бовар дорем, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба пайдоиши роҳҳалҳои инноватсионӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳкими фарҳанги истифодаи устувори захираҳои обӣ мусоидат намуда, дар таъмини амнияти обии ҷаҳонӣ саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Ин ташаббус намунаи равшани саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз муҳимтарин масъалаҳои асри XXI мебошад.

 

Суҳбаторо:

Маъруф НАЗАРЗОДА

Last modified on Ҷумъа, 10 Июл 2026
Яндекс.Метрика