wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 30.12.2021 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии «Рушди устувор»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Институти мазкур баргузор гардид.

  Ҷаласаро директори Институт Амирзода Ориф Ҳамид ифтитоҳ намуда, фаъолияти аъзои ҳизбро дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар иқрор намуд.

  Сипас, корманди Кумитаи Марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин ҷиҳати баррасии Паёми ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар санаи 21.12.2021 маърӯза пешниҳод намуда, бобати дастовардҳои миллии дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ бадастомада таваққуф кард. Бояд мутазаккир шуд, ки Паёми ҳарсолаи Президенти мамлакат ягона ҳуҷҷатест, ки дар он сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари истидлоли илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ матраҳ мегардад ва ҲХДТ ин ҳуҷҷати асили сиёсиро чун раҳнамо дар фаъолияти ҳамарӯзаашон истифода мекунанд.

  Баъдан, раиси ташкилоти ибтидоии мавсум ба «Рушди устувор» Ориф Амирзода ҳисоботи солонаро ҷиҳати баррасии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти мазкур пешниҳод намуд. Ба қавли мавсуф, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар соли равон як қатор дастовардҳои илмиро анҷом додааст, ки онҳо дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон камназир ҳастанд.

  Муовини раиси Кумитаи Иҷроияи «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова мавсуфро бинобар дифоъ аз рисолаи докторӣ табрик намуда, атрофи густариши тафаккури сиёсии аъзои ҳизб таваққуф кард. Воқеан, айни замон муҳити сиёсии дилхоҳ кишвар бо истифода аз шабакаҳои иртиботӣ бо татбиқи ҳадафҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ алоқаманд аст ва таҳмили андешаҳо дар замони постмудерн махсус тавассути интернет ҷараён мегирад. Барои исботи ин фикр метавон тазоҳуроти нав ба вуқӯъпайвастаи шаҳри Хорӯғро мисол овард, ки авбошони минтақавӣ бо кумаки молиявии лурдҳои хориҷӣ чӣ зиёне ба иқтисоди кишвар расониданд. Бинобар ин, баҳсҳо ва андешаронии мудовим зарур аст, ки тавассути онҳо ҷавонони ҳизб дар тақвият ёфтани тафаккури сиёсии худ сахткӯш бошанд.

                                       

 

Last modified on Чоршанбе, 05 Январ 2022
Яндекс.Метрика