wrapper

Навидҳои рӯз

  Имруз санаи 16 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиё ва Уқёнуси Ороми СММ (ЭСКАТО ООН) семинари омӯзишӣ оид ба системаҳои мониторинги хушксолии кишоварзӣ дар асоси маълумоти санҷиши фосилавии замин барои Тоҷикистон оғоз гардид.

  Ҳадафи ин омӯзиш мусоидат ба тақвияти иқтидори миллӣ дар мониторинги хушксолӣ ва огоҳкунии барвақтӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва шарикони байналмилалӣ мебошад.

Барномаи омӯзишӣ масъалаҳои коркарди маълумоти моҳвораӣ, истифодаи платформаҳои абрӣ ва технологияҳои геоинформатсионӣ, татбиқи маҳсулоти минтақавии Механизми идоракунии минтақавии хушксолии ESCAP, инчунин усулҳои тасдиқи маълумоти саҳроиро фаро мегирад.

Натиҷаҳои ин чорабинӣ баланд бардоштани шиносоӣ аз равандҳои муосири мониторинги хушксолӣ, роҳҳои ҳалли инноватсионӣ дар ин соҳа ва фароҳам овардани заминаҳо барои рушди минбаъдаи низомҳои миллии мониторинги хушксолӣ мебошанд.

Ин омӯзиш аз 16 то 19 июни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Last modified on Чоршанбе, 17 Июн 2026
Яндекс.Метрика