wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 19.03.2022 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

 Ҷамъомадро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амирзода Ориф Ҳамид ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар ибтидо роҷеъ ба таҷлили Наврӯзи фархундапай иброз дошт: «Наврӯзи оламафрӯз ба унвони қадимтарин ва мардумитарин ҷашни аҷдодии мо, ҳанӯз аз умқи таърих бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Зеро Наврӯз аз маҷмӯи ҷашнҳо иборат буда, аз «чоршанбесурӣ» то «сездаҳбадар»-ро дар бар мегирад. Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни бархоста аз ҳаводиси табиату гардиши ҷирмҳои фалакӣ дар низоми кайҳон мебошад.

             

  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки бевосита ба омӯзишу пажӯҳиши муҳимтарин захираҳои табиат – об ва раванду ҳодисоти табиии марбут ба об машғул аст, Наврӯз ба унвони ҷашни табиат, ҷашни хоссаи кормандони Институти мо низ маҳсуб мешавад. Зеро агар рӯзи 21-уми март, ин оғози Соли нави ниёгон ва бо таъбири аллома Берунӣ «рӯзи нав» ё «пешонии сол» бошад, пас 22-юми март – Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об ва 23-юми март – Рӯзи ҷаҳонии обҳавошиносӣ (метеорология) аст. Бинобар ин, кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тамоми паҳлуҳои фарҳангию таърихӣ ва ҷанбаъҳои табиии он таҷлил намоянд.

  Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки маҳз бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим ва эҳёгари дубораи арзишҳои фарҳангию таърихии миллӣ, аз ҷумла ҷашнҳои бузурги миллӣ, ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгоми ҳалли масоили обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ гардид ва ҳам Наврӯз мақоми байналмилалиро сазовор шуд. Аз ин рӯ, тавъам омадани идҳои соҳавии (Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об ва Рӯзи ҷаҳонии обҳавошиносӣ) марбут ба самти фаъолияти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои мо, олимону кормандони ин соҳаҳо боиси ифтихору сарфарозист».

  Пас аз сухани ифтитоҳии директор, тибқи сенарияи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, ровӣ, муовини директор оид ба илм ва таълим Қурбонов Номвар Бойназарович ҷашнро ҳусни оғоз бахшид:

Сад гулхани наврӯзӣ бо меҳр барафрӯзем

Дилсардии дунёро бо оташи дил сӯзем,

Дилгармии аҷдодӣ бар ҷумла биомӯзем.

Бо фикри пагоҳи хеш рӯшангари дирӯзем.

       

  Наврӯз ба унвони рӯзи офариниши ҷаҳон, растохези табиат ва нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз дар ҳаёти мардуми ориёӣ, махсусан эронитабор ба сароғози хуҷастаи таърихие пайваст мебошад. Зеро Наврӯз яке аз куҳантарин боварҳои мардумони эронӣ аст, ки фалсафаи зуҳури он ба бисёре аз қавмҳои дуру наздик нуфуз кардааст. Ба унвони яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид тасвиб гардидани ин рӯз гувоҳ бар он аст, ки доманаи ҳузури ҷашни Наврӯз дар миёни бисёре аз халқияту милали ҷаҳон тӯли асрҳои зиёде густариш доштааст.

  Дар баробари суханронӣ ва табрикоти ровӣ, се нафар аз кормандони институт Фарангис Қориева, Аминҷон Гулаҳмадов ва Ҳалима Фидолиева низ ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ табрику шодбош гуфтанд.

               

               

  Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар ин давраи таҷлили ҷашн ҳатмӣ шуморида мешавад. Яке аз суннатҳои волои наврӯзӣ, ин оғози корҳои саҳроӣ ва кишту корӣ баҳорӣ мебошад. Симои Бобои Деҳқон, ки дар аксар маросимҳои мавсимии кишоварзӣ ва барзгарӣ рамзи меҳварӣ дорад, дар тасаввуроти мардум пирмарди зӯру тавоно ва кордон мебошад. Ба гуфтаи Носири Хусрав:

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ӯ гаҳ зар, гаҳе бӯстон аст.

  Фасли зебои баҳорро дар миёни дигар фаслҳо, аруси сол ё нозанини сол ном мебаранд ва ба муносибати фарорасии баҳор дар кишварҳои мухатлифи ҷаҳон иду маросимҳои халқӣ гузаронида мешаванд. Яке аз образҳои асосии маросимҳои баҳорӣ ва ё наврӯзӣ «Аруси сол» мебошад, ки бо қудуми муборакаш зебоӣ, шодию нишот меорад:

Гулғунча шукуфон шуд,

Себарга фаровон шуд.

Бас қумрӣ навохон шуд,

Айёми баҳор омад.

  Анъанаи дигари наврӯзӣ хондани шеъру суруд дар васфи баҳор ва наврӯз мебошад, ки маҳз ба ин хотир, магистрону докторантон (PhD)-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бо хондани шеърҳо аз эҷодиёти шоирон ба маҳфил ҳусни тоза зам карданд.

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату оройиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.

             

 

  Ба ғайр аз ин дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони «ҳафтсин» низ маъмулу ҳатмӣ мебошад, ки аз 7 адад анвое, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, иборат аст: себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир ва суманак. Дар баробари дастархони «ҳафтсин» омода намудани дастархони «ҳафтшин» низ роиҷ аст, ки дар он ҳафт маводе, ки аз ҳарфи шин (ш) шурӯъ мешаванд, гузошта мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ, шамъ, шона, шир ва шароб. Хони наврӯзии иборат аз ҳафтсину ҳафтшинро ходими илмӣ Муслима Холмирзоева ба ҳозири муаррифӣ намуд, ки ҳамагӣ маҳсули дастранҷи бонувони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ мебошанд:

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,

Мениҳоданд мардуми Эрон,

Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,

Шамъу шамшоду шойеъ андар хон.

      

  Дар анҷом, ба хотири соли нек, пурфайз ва бобарор омадани Соли нави аҷдодӣ сухани хотимавӣ ба яке аз олимони саршиноси кишвар ва куҳансолтарин корманди Институт, сарходими илмӣ Носиров Набӣ Қосимович вогузор гардид. Устод Набӣ Носиров аз фаъолияти пурсамари Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ давоми солҳои мухталиф, махсусан таҳти сарварии шодравон Кобулӣ Зайналобиддин Валӣ ёдовар шуда, ҳамагонро ба фарорасии ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию тадқиқотӣ барору комёбӣ ва дар ҳаёту зиндагӣ шодию нишот таманно намуданд:

Мо халқи дилафрӯзем,

Мо вориси Наврӯзем.

Last modified on Шанбе, 26 Март 2022
Яндекс.Метрика