wrapper

Навидҳои рӯз

Имрӯз (14.04.2021) дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи илм" маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он директорон, муовинони директорҳо ва котибони илмии муассисаҳои илмӣ, кормандони вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

5.3.jpg - 84.59 KB

       Ҷаласаи тантанавиро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни баррасии рӯзи илми ватанӣ чунин гуфт:

"Масъулияти олимон дар назди миллату Меҳан бинобар "миллӣ" номгузорӣ шудани АМИТ дучанд афзудааст. Моро зарурат пеш омадааст, ки беш аз пеш дар рушди илми тоҷик саҳми хешро бигзорем, чунки таъмини рушди илм айни замон тараққии кишвар маҳсуб мешавад. Пайвасти илм бо истеҳсолот ба он маъно истифода бояд шавад, ки дастоварҳои олимон дар рӯйи коғаз намонда, амалан татбиқ гардад".

5.4.jpg - 176.36 KB

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи илм табрик намуда, қайд намуд, ки ин санаи таърихӣ фақат дар натиҷаи фаъолияти илмии ходимони илмӣ метавонад дар зеҳни шаҳрванд сабти ном шавад, агар олимони мо дар рушди илм ва ҷаҳонбинии илмӣ саҳми беназир гузоранд.

Субҳи имрӯз, соати 08:00 аз ҷониби олимону аҳли кормандони Академияи миллии илмҳо гузоштани гулчамбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик чун С. Айнӣ, Б. Ғафуров, С. У. Умаров, М. Осимӣ сурат гирифт.


5.2.jpg - 251.19 KB

      Баъдан, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён сухан карда, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи илму маориф баррасӣ намуд. Мавсуф рушди тафаккури техникӣ ва такмилёбии ҷаҳонбинии илмиро яке аз вазифаҳои асосии муассисоти илмӣ муаррифӣ кард.

      Вобаста бар баррасӣ ва таҳқиқи мавзӯи илми муосир олимон муколамаҳо ва мубодилаҳо анҷом доданд.

     Сипас, тақдими дипломҳо ва ифтихорномаҳо барои дастовардҳои назарраси илмӣ сурат гирифт...

5.5.jpg - 160.55 KB

     Ҳамчунин, ифтихорномаҳо ба ректороне низ тақдим гардиданд, ки донишҷӯёни Донишгоҳҳои онҳо дар олимпиада барои дарёфти "Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд.

      Унвони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" аз ҷониби муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ ба кормандони АМИТ супорида шуд, ки ин омил аз таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илм ба олимони кишвар дарак медиҳад.

      Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ сухани ҷамъбастӣ намуд.

https://anrt.tj/tj/khabar-o?start=10 

Last modified on Панҷшанбе, 27 Май 2021
Яндекс.Метрика