wrapper

Навидҳои рӯз

Китоб ва монографияҳо

Пешвои миллат: масоили об, иқлим ва экология

  Шурои олимон (илмӣ)-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, суратҷаласаи №10 ба чоп тавсия намудааст.
  Зери назари
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, академик Фарҳод Раҳимӣ

Муфассал...

Ташаккули таркиби захираҳои оби ҳавзаи дарёи Зарафшон: Таъсири тағйирёбии иқлим ба шароити ташаккул ва таркиби химиявии захираҳои оби ҳавзаи дарёи Зарафшон

  Ҳавзаи дарёи Зарафшон яке аз ноҳияҳои аз назари иқлимӣ мураккаби на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Релефи кўҳӣ, минтақаи баланди иқлимӣ, гуногунии амиқи шароитҳои метеорологӣ сабаби пайдоиши фарқиятҳои зиёди иқлимӣ гардидааст.

  Имрўз инсон ба проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим рў ба рў шудааст, ки он ба дигаргуншавии ҳолати табиии инкишофи системаҳои экологӣ таъсири назаррас расонида, сабабгори зиёдшавии шумораи ҳодисаҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлими кураи арз гардидааст. Албатта, ин дар муҳити атроф, дар натиҷаи робитаи байниҳамдигарии инсон ба табиат инъикос меёбад.

Муфассал...

Баланд бардоштани бехатарии иншооти гидротехникӣ. Қисми 2. Дар мисоли обанбори НБО-и Норак дар дарёи Вахш.

   Монография мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва обанборҳо, дар мисоли обанбори Норак дар дарёи Вахш таълиф ёфтааст. Натиҷаҳои тадқиқоти тағйирёбии иқлим дар минтақаи ташаккули захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал, пиряхҳо ва ҳавзаи дарёи Вахш, раванди лойқашавии обанбори Норак ва идоракунии хавфи он мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Муфассал...

Луғати бисёрзабони истилоҳоти асосӣ дар соҳаи хоҷагии об

  Луғат аз ҷониби як гурӯҳи коршиносон ва тарҷумонҳо зимни татбиқи лоиҳаи «Шабакаи Осиёи Марказии мубодилаи донишҳо» (CA KN) ҳамчун ҷузъи доираи Барномаи обӣ-энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ (CAWEP), шарикии бисёрҷониба байни Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария (тавассути SECO) ва Британияи Кабир (тавассути FCDO) омода карда шудааст.

Муфассал...
Яндекс.Метрика