wrapper

Навидҳои рӯз

Муваффақияти нави олимони Институт   
 Олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ 04 июли соли 2025  Патенти Евроосиё № 050392 «Усули муайян кардани ҷойгиршавии пардаи геотермалӣ дар қабати замин»-ро ба даст оварданд. Ихтироъ ба соҳаи воситаҳои геофизикии таҳқиқи қабати замин, яъне арзёбии тақсимоти ҳарорати қишри замин вобаста ба чуқурӣ тааллуқ дорад. Усули ҷойгиршавии пардаи геотермалии қаблан номаълумро муайян менамояд, ки қишри заминро ба ду қисм тақсим мекунад: минтақаи ҷамъшавии энергияи офтобӣ
Мизи мудаввар бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ
  Санаи 26 июни соли 2025 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.  Чорабиниро директори институт, доктори илмҳои техникӣ Аминҷон Гулаҳмадзода оғоз намуда, нахуст иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро тамоми дастовардҳои даврони
Иштироки кормандони институт дар конфронс
  Аз 23 то 25 июни соли 2025 дар толори Балхии меҳмонхонаи Румӣ (Душанбе) Конфронси III-юми байналмилалии "Ҳолат ва дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Тоҷикистон" баргузор гардид. Давоми се рӯзи баргузории конфронси мазкур кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.   Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси мазкур директори институт, доктори илмҳои техникӣ Аминҷон Гулаҳмадзода суханронӣ намуд.  Дар
Семинари илмӣ
  Санаи 26 июни соли 2024 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.   Дар семинар докторант (PhD) Соҳибов Аъзам Нуралиевич дар мавзуи “Такмили механизми ташкилию иктисодии инкишофи туризми экологи дар Тоҷикистон” бо маърӯзаи илмӣ баромад намуд, ки дар он докторон ва ходимони илм ширкат варзиданд.   Сайёҳии экотуризм дар Тоҷикистон бо табиати нотакрор ва мероси ғании фарҳангии худ дорои потенсиали баланд аст.
Семинари омӯзишӣ оид ба Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (ИҲЗО)
  Санаи 23 июни соли 2025 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар доираи "Лоиҳаи маҷмӯавии рушди деҳот" (TRIGGER) оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Семинари мазкур аз ҷониби роҳбари гурӯҳи коршиносон Константин Ситоу ва коршиноси миллӣ оид ба ИҲЗО Шоҳида Тулиева гузаронида шуд.   Семинари омӯзишӣ аз рӯйи чор бахш: захираҳои об, идоракунии онҳо, шартҳои зарурӣ
Конфронси байналмилалии “Пиряхҳо ва илм”
  Санаи 29 майи соли 2025 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки санаҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, як қатор чорабиниҳои канорӣ доир гардиданд. Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин
Семинари муштараки институт бо ташкилоти IWMI
  Санаи 28 майи соли 2025 Институти масъалаҳои об, гидроэнерегетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо Институти байналмиллалии идоракунии захираҳои об, ки соли 1984 ҳамчун Институти байналмиллалии идоракунии обёрӣ (IIMI) таъсис ёфтааст, бо иштироки намояндагони марказу идораҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ семинари муштарак ташкил намуд.   Семинари мазкурро, ки дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ баргузор гардид,
Иштироки кормандони институт дар Конференсияи байналмиллалӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва
  Санаи 16 майи соли 2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмиллалӣ таҳти унвони “Ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Вазорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири Ҷумҳурии федеративии Олмон дар Душанбе ва олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд.   Дар конференсияи мазкур зиёда аз 27 баромадҳои олимону муҳаққиқони хориҷиву
Ташрифи профессорони Донишгоҳи илмҳои заминшиносии Чин ба Институт
  Санаи 5 майи соли 2025 ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ меҳмонон аз Донишгоҳи илмҳои заминшиносии шаҳри Ухани Ҷумҳурии халқии Чин профессор Сян Джанг ва профессор Сихуэй Гу ташриф оварданд. Дар толори Шурои диссертатсионии институт семинар баргузор гардид, ки онро директори институт доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода А.А. оғоз бахшид. Зимни суханронии худ Гулаҳмадзода А.А. меҳмононро хайрамақдам намуда, онҳоро бо аҳли кормандони институт шинос намуд. Дар

ДАСТОВАРДҲОИ ИНСТИТУТ ДАР 2 СОЛИ ОХИР

Лоиҳаҳои анҷомшудаи КИТ

Лоиҳаҳои байналмилалӣ

Патентҳо

Корҳои илмӣ

Дипломҳо ва мукофотҳо


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Вохӯриҳо Суханрониҳо  Санадҳо Паёмҳо Сафарҳо

Hide Main content block
Яндекс.Метрика