wrapper

Навидҳои рӯз

Натиҷаи ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон”
  Санаи 10 октябри соли 2025 курсҳои омузишие, ки дар доираи ҳамкорӣ байни Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон” аз 6 октябр то 10 октябри соли 2025 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология “Барномаҳои батиметрия ва моделсозӣ” шуда гузаштанд, ба итмом расид.  Дар курси омӯзишии мазкур гурӯҳи мутахассисони Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон” ба кормандону мутахассисони институту марказҳои гуногуни АМИТ, аз
Ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон”
  Санаи 6 октябри соли 2025 бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон”, дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология курсҳои омузишии “Барномаҳои батиметрия ва моделсозӣ” оғоз гардид.  Дар курси омӯзишии мазкур гурӯҳи мутахассисони Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон” ба 15 нафар кормандону мутахассисони институту марказҳои гуногуни АМИТ, аз ҷумла, 8 нафар кормандони
Ҳисоботи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар семоҳаи сеюм ва нуҳ моҳи
  Санаи 25-уми сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар семоҳаи сеюми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҳисоботи мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур иштирок намуданд.   Ҷаласаро муҳтарам Амонзода И.Т. оғоз намуда, суханро ба директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои
Ҳамкорӣ бо Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалӣ BOKU (Вена, Австрия)
   Дар Институти масоили об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо намояндагони Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалӣ (BOKU) баргузор гардид. BOKU яке аз марказҳои пешқадами илмию таълимии Аврупо дар самти рушди устувор, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ бо равиши байнисоҳаии худ, ки илмҳои табиӣ, муҳандисӣ ва иқтисодро дар бар мегирад, маъруф аст.   Мавзӯи асосии вохӯрӣ баррасии
Ҳамкориҳои Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии
  Дар асоси нақша-чорабиниҳои лоиҳаи байнидавлатии «Таъсис ва намоиши системаи интиқоли муҳити зисти Чину Тоҷикистон», рӯзҳои 18-20 августи соли 2025 ректори Донишгоҳи Шимолу Ғарбӣ, Институти омӯзиши Роҳи Абрешим профессор Лу Шанбин, директори Маркази дӯстии Чину Ҷопон оид ба ҳифзи муҳити зист хонум Коу Ронгронг ва ректори Донишгоҳи Нанкай профессор Лу Сюэтсян ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи вохуриҳо бо
Иштироки ходимони Институт дар семинар
Санаи 29 июли соли 2025 ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар семинари доир ба мавзӯи: Равишҳои инноватсионии мониторинг ва идоракунии устувори ҳолати ҷангалҳо дар ҳавзаҳои обҷамъшавӣ» иштирок намуданд. Ташкилкунандагони ин семинар Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об (IWMI-CA) ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Ҳадафи семинар таҳкими иқтидори кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз
Тақдим аз Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ)
  Бо дастгириҳои бевоситаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. ва дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) санаи 14 июли соли 2025 ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дастгоҳи лаборатории мобилии санҷиш ва таҳқиқи захираҳои об тақдим гардид.   Ба даст овардани чунин дастгоҳ ба Институт имкониятҳои гузаронидани таҳқиқотҳо, таҳлили реҷа ва сифати обҳои руизаминӣ, моделкунонии равандҳои
Муваффақияти нави олимони Институт   
 Олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ 04 июли соли 2025  Патенти Евроосиё № 050392 «Усули муайян кардани ҷойгиршавии пардаи геотермалӣ дар қабати замин»-ро ба даст оварданд. Ихтироъ ба соҳаи воситаҳои геофизикии таҳқиқи қабати замин, яъне арзёбии тақсимоти ҳарорати қишри замин вобаста ба чуқурӣ тааллуқ дорад. Усули ҷойгиршавии пардаи геотермалии қаблан номаълумро муайян менамояд, ки қишри заминро ба ду қисм тақсим мекунад: минтақаи ҷамъшавии энергияи офтобӣ
Мизи мудаввар бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ
  Санаи 26 июни соли 2025 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.  Чорабиниро директори институт, доктори илмҳои техникӣ Аминҷон Гулаҳмадзода оғоз намуда, нахуст иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро тамоми дастовардҳои даврони

ДАСТОВАРДҲОИ ИНСТИТУТ ДАР 2 СОЛИ ОХИР

Лоиҳаҳои анҷомшудаи КИТ

Лоиҳаҳои байналмилалӣ

Патентҳо

Корҳои илмӣ

Дипломҳо ва мукофотҳо


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Вохӯриҳо Суханрониҳо  Санадҳо Паёмҳо Сафарҳо

Hide Main content block
Яндекс.Метрика