Санаи 16-уми октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии “Хоҷагии об – асоси рушди устувор” баргузор гардид. Дар конференсия ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Амирзода Ориф, директори Муассисаи давлатии илмии “ТоҷикНИИГИМ”