wrapper

Навидҳои рӯз


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Вохӯриҳо Суханрониҳо  Санадҳо Паёмҳо Сафарҳо

Махзани маълумотҳо оид ба захираҳои об

Маҷаллаи илмӣ-амалӣ

Кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ корҳои саҳроӣ ва
  Кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ корҳои саҳроӣ ва экспедитсионӣ дар ҳавзаи дарёи Сир анҷом доданд.Ҳадафи асосии экспедитсия омӯзиши вазъи экологӣ ва арзёбии сифати оби дарёи Сир тавассути ҷамъоварии намунаҳо ва гузаронидани таҳлилҳои илмӣ мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот барои арзёбии ҳолати муҳити зист, идоракунии устувори захираҳои об ва пешниҳоди тавсияҳои илмӣ ҷиҳати ҳифзи экосистемаҳои обӣ
Иштироки кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар форуми ҷумҳуриявӣ
  25 июли соли 2026 кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия: мушкилот ва дурнамо», ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (ш. Бустон) баргузор гардид, иштирок намуданд.  Дар ҷараёни форум масъалаҳои муҳими омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисию техникӣ, таҳкими ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот, рушди таҳқиқоти илмии амалӣ, истифодаи
Тоҷикистон - ҷонибдори сулҳи пойдор дар ҷаҳон
  Дар таърихи давлатҳо марҳилаҳое мавҷуданд, ки на танҳо сарнавишти як миллатро муайян мекунанд, балки ҷойгоҳ ва нуфузи онро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ ташаккул медиҳанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин марҳила аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ оғоз ёфта, имрӯз ба давраи пешбурди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид расидааст. Қабули ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими
Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи об
  Эътирофи ҷаҳонии ташаббуси Пешвои миллат эътирофи Тоҷикистон аст. Боиси ифтихор аст, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум инҷониб иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва дигар масоили глобалии экологӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Албатта, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод мегардад, дар асоси биниши жарф, таҳлили ҳамаҷониба ва арзёбии амиқу илмии
Баромади постдокторантон, докторони PhD ва унвонҷӯёни институт дар Шурои олимон
  Имрӯз, санаи 13 июли соли 2026, дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимони институт баргузор гардид, ки дар он ду нафар унвонҷӯён, ду нафар докторантони PhD ва ду нафар постдокторантони курси якуми институт оиди фаъолияти яксолаи илмии худ ҳисобот доданд. Ҳадафи гузаронидани ҷаласаи мазкур шиносоӣ бо фаъолияти илмии олимони ҷавон ва натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-тадқиқотии онҳо мебошад. Унвонҷӯён оиди мақсадҳо,
Об - меҳвари ҳамгироӣ ё нақши Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар
  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои наҷотбахши худ дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати фаъолу таъсиргузор дар равандҳои муҳими глобалӣ эътироф гардидааст. Кишварҳои ҷаҳон ба нақши фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обии сайёра, ки дар меҳвари он наҷоти аҳли башар қарор дорад, баҳои баланд додаанд. Ҳамин аст, ки роҳбарони давлатҳо ва намояндагону коршиносони воломақоми ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ ҷаҳати муколама, табодули афкор ва дарёфти роҳҳои муосири ҳифзи
Пайғоми сулҳи ҷовидона
  «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кӯҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад». Эмомалӣ Раҳмон   Инак, мо дар арафаи ҷашни муқаддаси 29-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва
Мавриди истифода қарор додани озмоишгоҳи энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ
  Имрӯз, 6 июл бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи наву замонавии «Энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону
Конфронси илмӣ-амалӣ ва семинари омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бо такя ба экосистемаҳо
26 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ ва семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Кам кардани хавфи офатҳои табиӣ бо такя ба экосистемаҳо (Eco-DRR): таҳкими устувории экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», ки аз 23 то 26 июн ба нақша ширифта, хотима ёфт. Дар тӯли чор рӯз иштирокчиён масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Матлабҳои рӯз

Мақолаҳо

  • Prev
Hide Main content block

Яндекс.Метрика