wrapper

Навидҳои рӯз


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Вохӯриҳо Суханрониҳо  Санадҳо Паёмҳо Сафарҳо

Махзани маълумотҳо оид ба захираҳои об

Маҷаллаи илмӣ-амалӣ

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
   15 сентябри соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шурои илмӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти илмии институт дар 9 моҳи соли 2026 баррасӣ гардиданд.   Дар кори ҷаласа аъзои Шурои илмӣ, сардорони шуъбаҳо, мудирони озмоишгоҳҳо ва ходимони илмии институт иштирок намуданд.   Дар баромади худ директори Институт д.и.т. Гулаҳмадзода А.А. қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмии ходимони Институти
Саҳми президенти Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии экологӣ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ.
  Бо мақсади ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим, ҳифзи захираҳои табиӣ, алалхусус захираҳои гидрологӣ ва таъмини рушди устувори экологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иқдомҳои илман асоснок, саривақтӣ ва ба манфиати инсоният нигаронидаро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардонанд. — Далели ин андеша он аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, чун «Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи
Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  Санаи 2-юми сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур олимону мутахассисон ва докторантону унвонҷӯёни институт иштирок варзиданд.   Конференсияро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор оғоз
Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод!
  Санаи 31 августи соли 2026 ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ, Давлатшо Саломат Қаноат барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, инчунин постдокторанти институт Насруллозода Фарҳод Хуҷа, номзади илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар
35 соли Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат
  Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ва арзишмандтарин неъматҳои миллӣ ба шумор меравад. Истиқлол ба мо имкон фароҳам овард, ки сарнавишти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намуда, роҳи рушди давлати соҳибихтиёри худро интихоб намоем. Мардуми сарбаланди тоҷик, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ мебошад, барои ба даст овардан ва таҳкими ин неъмати муқаддас роҳи пурпечутобу сарнавиштсозро
Экспедитсия ва корҳои саҳроии муштараки илмии олимони Институт
  Экспедитсия ва корҳои саҳроии муштараки илмии олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ Моҳи августи соли 2026 олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷо бо олимони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи Питшарт, Помири Шарқӣ экспедитсияи илмӣ ва корҳои саҳроиро анҷом доданд.   Ҳадафи асосии таҳқиқот омӯзиши саҳми обшавии
Омӯзиши тренерон оид ба арзёбии ҳамгироёнаи муҳити зист дар ноҳияҳои кӯҳии ВМКБ
  Аз 8 то 11 августи соли 2026 дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) дар шаҳри Хоруғ барои кормандони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омӯзиши тренерон дар самти «Арзёбии ҳамгироёнаи муҳити зист (Integrated Habitat Assessment – IHA)» баргузор гардид.   Ҳадафи омӯзиш баланд бардоштани иқтидори мутахассисон барои гузаронидани арзёбии ҳамаҷонибаи вазъи экологӣ, муайян намудани хатарҳо ва осебпазирии ҳавзаҳои обҷамъшавӣ ва заминҳои
Корҳои экспедитсионӣ ва саҳроии олимони Институти дар ҳавзаи дарёи Панҷ
  Кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои экспедитсионӣ ва саҳроии илмиро анҷом доданд. Дар доираи корҳои саҳроӣ омӯзиши сифати об ва вазъи экологии дарёи Панҷ ва шохобҳои асосии он, аз ҷумла дарёҳои Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Ванҷ, Язғулом, ва Обихумбоу, гузаронида шуд. Ҳамзамон, барои гузаронидани таҳлилҳои минбаъдаи лабораторӣ аз оби дарёҳо намунаҳо ҷамъоварӣ гардиданд.
Баргузории аксияи тарғиботӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
6–8 августи соли 2026 дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аксияи тарғиботӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулахмадзода Аминҷон Абдудҷаббор ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони

Матлабҳои рӯз

Мақолаҳо

  • Prev
Hide Main content block

Яндекс.Метрика